Обучалка в Телеграм

Тарбияи ҷисмонӣ, 2 синф, Маҳкамҷонов К., Хӯҷаев Ф., 2018


Тарбияи ҷисмонӣ, 2 синф, Маҳкамҷонов К., Хӯҷаев Ф., 2018.

Учебник по физкультуре для 2 класса на таджикском языке.

   Шумо дар синфи 1 дар бораи пайдоиши тарбияи ҷисмонӣ, мавқеи он дар ҳаёт соҳиби маълумот шудед ва фаҳмидед, ки ҳар як одам барои ривоҷ додани танаи худ машқҳои ҷисмониро иҷро карданаш лозим.
Ба воситаи тарбияи ҷисмонӣ усулҳои иҷрои ҳаракатҳои ҷисмониро омӯхтед ва онҳоро мустақилона иҷро карда метавонед.
Дар давоми соли хониш Шумо оид ба «Аҳамияти тарбияи ҷисмонй дар мустаҳкам кардани саломатӣ» соҳиби дониш мешавед. «Тартиби рӯзи донишомӯзон», ҳолатҳои аввал ва ҳаракатҳои гуногунро меомӯзед. Ғайр аз ин, ҳаракатҳои асосиро, ки дар ҷараёни дарс омӯзонида мешаванд, ташаккул медиҳед.
Ба дарси тарбияи ҷисмонӣ алоҳида эътибор додан ва бо он дӯст шудан лозим, чунки дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ Шумо соҳиби дониш ва маҳорату малакаи ҳаракатҳои гу-ногун мешавед, ки дар ҳаёт зарур мешаванд. Ба воситаи машғулиятҳои иловагӣ ва машқҳои варзишӣ тайёрии ҷисмонии худро такмил медиҳед.
Донишомӯзони азиз! Ҳамеша барои солим, бақувват, боақп, боодоб шудан кӯшиш кунед!

Тарбияи ҷисмонӣ, 2 синф, Маҳкамҷонов К., Хӯҷаев Ф., 2018


МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА НАМУДҲОИ ВАРЗИШ.
Донишомӯзони азиз! Шумо ҷузъҳои баъзе намудҳои варзишро, ки дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ таълим дода мешаванд, омӯхтед ва бо намудҳои варзиш шинос шудед.

Аз онҳо бо намуди варзише, ки ба Шумо маъқул, аст, машғул шуданатон мумкин.
Аҷцоди қадимаи мо дар ҷараёни ҳаракати ҷисмонӣ, хусусан, аз давраи омӯзиши шикор сар карда, ба масъалаи машқҳоро кӣ хуб иҷро мекунад, дар шикор кй тезкор, дар чолокй кй бартарият дорад, ҷиддӣ нигоҳ мекарданд. Ба таври оддӣ гӯем, мусобиқаҳо буданд.

Ҳануз дар давраи бобоямон Амир Темур дар ҳаматарафа бақувват, тавоно, чолок, пуртоқат, ҷасур, баҳодур тарбия кардани лашкар, ба мақсади санҷида дидани тайёрии ҷисмонии онҳо мусобиқаҳо ташкил карда мешуданд. Мусобиқаҳо аз рӯйи гӯштин, пойгаи асп, шиноварй, ба қуллаҳо часпида баромадан, аз дарёҳо ба арғамчин овезон шуда гузаштан, шамшербозй, сангбардорй гузаронда мешуданд. Мунтазам гузаронида шудани чунин мусобиқаҳо ҷисмонан бақувват шудани лашкарро таъмин мекард.

МУНДАРИҶА.
Асосҳои дониши назариявӣ.
Дар ҳавои кушод бо машқҳои ҷисмонӣ машғул шудан.
Маълумоти мухтасар оид ба намудҳои варзиш.
Атлетикаи сабук.
Гимнастикам варзишӣ.
Футбол.
Баскетбол.
Шиноварӣ.
Гӯштини миллии «Тӯрон».
Аҳамияти машқҳои ҷисмонӣ дар мустаҳкам кардани саломатӣ.
Тартиби рӯз ва гигиенаи шахсӣ.
Тартиби рӯзи тахминии донишомӯзони синфи 2.
Варзиши бадан.
Лаҳзаҳои завқбахш.
Гимнастика.
Машқҳои саф.
Машқҳои ривоҷи умумӣ.
Ҳолатҳои аввала.
Машқҳо бо чӯбчаи гимнастики.
Рост истодан, нишастан.
Машқҳое, ки дар ҳолати дароз кашидан иҷро карда мешаванд.
Ҳаракатҳои асосии пой ва тана.
Такя карда ҷаҳидан.
Овезон шудан, хазида ва часпида баромадан.
Машқҳои нигоҳ доштани мувозинат.
Акробатика.
Дар ҳолати пуштнокй дароз кашидан сохтани «кӯпрук».
Гимнастикаи бадей.
Атлетикаи сабук.
Намудҳои роҳгардӣ.
Намудҳои давидан.
Давидан бо усули кросс.
Давидан бо усули мокушакл.
Машқҳое, ки бо тӯбчаҳои майда иҷро карда мешаванд.
Ҳаво додани тӯби теннис.
Бозиҳои серҳаракат.
Шоҳмот.
Тартиби гашти донаҳо дар тахтаи шоҳмот.
Худро назорат кардан.
Меъёрҳои тести «Аппомиш» ва «Барчиной».
Маслиҳатҳои фойиданок.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Тарбияи ҷисмонӣ, 2 синф, Маҳкамҷонов К., Хӯҷаев Ф., 2018 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: :: ::


Следующие учебники и книги:
Предыдущие статьи:


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-21 23:37:52