Обучалка в Телеграм

Тарбияи ҷисмонӣ, 7-8 синф, Усмонхӯҷаев Т.С., Арзуманов С.Г., Усмонхӯҷаев С.Т., 2017


Тарбияи ҷисмонӣ, 7-8 синф, Усмонхӯҷаев Т.С., Арзуманов С.Г., Усмонхӯҷаев С.Т., 2017.

Учебник по физкультуре для 7-8 класса на таджикском языке.

   Бачагони азиз, шумоён донишҳои назариявии маълумро оид ба тарбияи ҷисмонӣ аз бар намудед. Дойр ба намудҳои гуногуни варзиш дар худ маҳорат ва малакаи амали ҳосил кардед. Акнун бошад, бо назардошти синну сол ва имконияти шахсй дар маҳфилҳои варзишии назди мактаб, мактабҳои варзишии бачагон ва наврасон шуғл варзидани шумо мувофиқи мақсад аст.
Мадомки ҳар якеатон бо намуди варзиши дӯстдоштаи худ машғул мегардад, хислатҳои шахсӣ, дараҷаи рушди ҷис-мони, ҳолати сифатҳои ҷисмонӣ (қувва, суръат, тобоварӣ, чусту чолокӣ ва ғайра), бо ба тартиби рӯз қатъиян риоя намудан, хӯрокхӯрӣ, хоб ва ба ҳамин гуна чизҳои дигар вобаста буда, он 1—3 сол давом мекунад. Мувофиқи он дар дастури мазкури таълимӣ оид ба намуди варзиши дӯстдоштаатон, аҳамияти он ба организм, ривоҷи қувва, чолокӣ, зудкорй, тахмин бо чашм, рушди мувофиқгардо-нии ҳаракат маълумотҳои шавқовар дода шудаанд.

Тарбияи ҷисмонӣ, 7-8 синф, Усмонхӯҷаев Т.С., Арзуманов С.Г., Усмонхӯҷаев С.Т., 2017


Нишондиҳандаҳои рушди ҷисмониро донед.
Қад (дарозии тана) яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди ҷисмонист. Маълум аст, ки расиши қад дар духтарбачагон то 17-18 солагӣ, дар писарбачагон то 19-22-солагӣ давом мекунад. Дар шароити хона қадро ба қуттии дар баромада чен кардан мумкин (расми 3).

Дар ин бобат ба девор пуштнокӣ гашта, дар ҳолати рост, яъне пошна, қафо ва шонаро ба он расонда меистанд. Сар рост дошта мешавад. Баъд дигар хаткашакро мегузоранд. Қадатонро соле ду маротиба чен кунед. Ҳаракат кунед, ки ба чй вобаста будани нарасидани қадро дониста гиред (ба ту файл и маризӣ, латхӯрӣ, ба қадри зарурй хӯрок нахӯрдан ва дигар омилҳо). Бо шифокор маслиҳат кунед.

МУНДАРИҶА.
Сарсухан.
Боби I Аз хусуси саломатиатон суҳбат мекунем.
Чашматонро эҳтиёт намоед.
Дар бораи қадду қомати рост.
Вайроншавии тартиби рӯз.
Набз.
Нишондиҳандаҳои ривоҷи ҷисмониро донед.
Масҳ карданро омӯзед.
Бобы II Худ ба худ кӯмак расонед.
Гимнастика.
Намудҳои гимнастика.
Машқҳои бадантарбияи пагоҳӣ.
Машққо бо арғамчин.
Усули машқи доиравӣ.
Маҷмӯи машққои ривоҷдиҳандаи умумӣ.
Атлетикаи сабук.
Босуръат давиданро омӯзед.
Ба дур ҷаҳиданро омӯзед.
Оё аз ҳама баландтар ҷаҳиданро мехоҳед.
Баскетбол.
Техникаи бозии баскетбол.
Волейбол.
Техникаи бозии волейболбоз.
Машғулияти мустақилона.
Машқҳое, ки сифатҳои ҷисмониро ривоҷ медиҳанд.
Машқҳо барои хуб аз бар намудани техникаи бозии волейбол.
Гандбол (тӯби дастӣ).
Техникам бозии туби дастӣ.
Тайёрии ҷисмонии бозигари тӯби дастӣ.
Футбол.
Бозии дутарафа.
Тайёрии ҷисмонии футболбозон.
Шиноварӣ.
Гӯштин.
Бозиҳои ҳаракатнок барои гӯштингирон.
Истоданҳо, ҳаракатҳо, боздоштанҳо.
Тайёрии ҷисмонии гӯштингир.
Боби III Агар сиҳҳат бошем, гуед.
Машққо оид ба ривоҷ додани сифатҳои ҷисмонй.
Машққое, ки неру, суръатнокӣ, чаққонй,
тобоварй ва чолокиро ривоҷ медиҳанд.
Машққое, ки нерӯро ривоҷ медиҳанд.
Машққое, ки суръатнокиро ривоҷ медиҳанд.
Машққое, ки чаққониро ривоҷ медиҳанд.
Машқҳое, ки тобовариро ривоҷ медиҳанд.
Машғулиятҳое, ки ба таътили тобистона муқаррар гаштаанд.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Тарбияи ҷисмонӣ, 7-8 синф, Усмонхӯҷаев Т.С., Арзуманов С.Г., Усмонхӯҷаев С.Т., 2017 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: :: :: :: ::


Следующие учебники и книги:
Предыдущие статьи:


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-21 23:37:52