Обучалка в Телеграм

Биология, 7 синф, Сапаров К., Азимов И., Умаралиева М., 2022


Биология, 7 синф, Сапаров К., Азимов И., Умаралиева М., 2022.

Книги по биологии для 7 класса на таджикском языке.

   Шумо дар синфҳои 1 – 6 аз дарсҳои «Фанҳои табиӣ» бо мафҳум, истилоҳот ва қонуниятҳо оиди табиат шинос шудед. Имсол ба омӯзиши фанни нав «Биология» шурӯъ мекунед. Дониши дар дарсҳои «Фанҳои табиӣ» гирифтаатонро тавассути фанни нав – «Биология» такмил медиҳед. Ин китобе, ки дар дасти шумост, ёрирасони беминнат аст. Биология сохт ва фаъолияти ҳаёти гуногунӣ, қонуниятҳои инкишофи таърихӣ ва фардии организмҳои зинда, ба табиати зинда таъсир расонидани инсонро меомӯзад. Бо ёрии ин китоб дар дарсҳои биология ва ба таври мустақилона оид ба бактерияҳо, протоктистаҳо, замбӯруғ ва растаниҳо, сохт ва фаъолияти ҳаёти ҳайвонот, хусусиятҳои афзоиш ва инкишофи онҳо, рангорангии намудҳои организми зинда, дар бораи аҳамияти онҳо дар табиат ва ҳаёти инсон соҳиби дониш мешавед.

Биология, 7 синф, Сапаров К., Азимов И., Умаралиева М., 2022


БАКТЕРИЯҲО. ПРОТОКТИСТАҲО. ЗАМБӮРУҒҲО.
МУАММОРО МУАЙЯН МЕКУНЕМ. Намудҳои организми зинда дар табиат хеле зиёд аст. Ба фикри шумо сабаби гуногунии организми зинда дар чист?

ДОНИШҲОИ НАВРО КАШФ МЕКУНЕМ.
Бактерияҳо дар ҳама ҷо ҳаёт мегузаронанд. Онҳоро дар қатраи об, хок, ҳавзаи об, ҳаво, растаниҳо, дар ҷисми ҳайвон ва одам, маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳатто дар пиряхҳои абадӣ ҳам вохӯрдан мумкин. Бактерияҳо дар ҳавои кушод кам, аммо дар ҷойҳои серодам – кинотеатр, вокзал, синфхонаҳо хеле зиёд мешаванд. Барои ҳамин ҳавои биноҳоро тез-тез тоза кардан зарур аст. Бактерияҳо организми якҳуҷайра мебошанд (расми 1.8.). Организмҳои зиндаи якҳуҷайраи ба чашм нонамоён микроорганизм ё ки микробҳо номида мешаванд (юнонӣ mikros – «майда», «хурд», «зарра»). Микробҳоро бори аввал олими голланд А. Левенгук бо ёрии микроскоп дидааст.

МУНДАРИҶА.
БОБИ I. ГУНОГУНИИ ОРГАНИЗМҲОИ ЗИНДА.
1.1. Биология – фан дар бораи ҳаёт.
1.2. Гуногунии организмҳои зинда.
1.3. Бактерияҳо. Протоктистаҳо. Замбӯруғҳо.
1.4. Гуногунии растаниҳо. Растаниҳои спорадор.
1.5. Растаниҳои тухмдор.
1.6. Гуногунии ҳайвоноти бемӯҳра.
1.7. Гуногунии ҳайвоноти мӯҳрадор. Моҳиҳо, дубаҳраҳо (амфибияҳо) ва рептилияҳо (хазандаҳо).
1.8. Паррандаҳо ва ширхӯрон.
1.9. Машғулияти амалӣ. Омӯхтани гурӯҳҳои систематикии олами набототу ҳайвонот.
БОБИ II. ДАРАҶАИ МОЛЕКУЛАВӢ ВА ҲУҶАЙРАВИИ ҲАЁТ.
2.1. Ҳуҷайра – воҳиди сохти организмҳои зинда.
2.2. Бофтаҳо.
2.3. Машғулияти лабораторӣ.
1. Асбобҳои заррабин (микроскопҳо).
2. Тайёр кардани препарати муваққатӣ аз бофтаҳои растанӣ.
БОБИ III. УЗВҲО ВА СИСТЕМАИ УЗВҲО.
3.1. Узвҳои вегетативии растаниҳои гулдор.
3.2. Навда.
3.3. Машғулияти амалӣ. Омӯзиши метаморфозаи узвҳои вегетативӣ.
3.4. Узвҳои генеративии растаниҳо. Гул.
3.5. Мева.
3.6. Узвҳои одам ва ҳайвонот, системаи онҳо.
БОБИ IV. КООРДИНАТСИЯ ВА ХУДИДОРАКУНӢ.
4.1. Худидоракунии организмҳои зинда.
4.2. Машғулияти амалӣ. Моделкунии камони рефлекторӣ.
4.3. Системаи асаб.
4.4. Машғулияти лабораторӣ. Мушоҳидаи рефлекси кирми лойхӯрак.
БОБИ V. ҒИЗОГИРӢ.
5.1. Ғизогирии организмҳо.
5.2. Кори лойиҳавӣ. Омӯзиши таъсири нуриҳои минералӣ ба нашъунамои растаниҳо.
5.3. Машғулияти лабораторӣ. Ҳосилшавии моддаҳои органикӣ дар барг.
5.4. Ғизогирии ҳайвонот.
5.5. Системаи ҳозимаи одам.
5.6. Машғулияти амалӣ. Моделсозии системаи ҳозима.
БОБИ VI. НАФАСГИРӢ.
6.1. Аҳамияти нафасгирӣ. Нафасгирии наботот.
6.2. Нафаскашии одам ва ҳайвонот.
6.3. Машғулияти лабораторӣ. Омӯзиши нафаскашии растаниҳо.
6.4. Машғулияти амалӣ. Муқоисаи ҷараёни фотосинтез ва нафаскашӣ.
БОБИ VII. ИНТИҚОЛИ МОДДАҲО ДАР ОРГАНИЗМҲОИ ЗИНДА.
7.1. Интиқоли моддаҳо дар растанӣ.
7.2. Машғулияти лабораторӣ. Омӯзиши интиқоли моддаҳо дар растаниҳо.
7.3. Машғулияти лабораторӣ. Омӯзиши оббухоркунии барг.
7.4. Системаи гардиши хуни бемӯҳраҳо.
7.5. Машғулияти амалӣ. Моделсозӣ ва муқоисаи системаи гардиши хуни бемӯҳраҳо.
7.6. Системаи гардиши хуни мӯҳрадорҳо.
7.7. Машғулияти амалӣ. Моделсозии системаи гардиши хуни мӯҳрадорҳо ва муқоисаи онҳо.
БОБИ VIII. ИХРОҶ (Экскретсия).
8.1. Ихроҷ.
8.2. Ихроҷи одам ва ҳайвонот.
8.3. Машғулияти амалӣ. Моделсозии узвҳои ихроҷи одам.
БОБИ IX. ҲАРАКАТКУНӢ.
9.1. Ҳаракатии организмҳои зинда.
9.2. Кори лоиҳавӣ. Мушоҳидаи ҳодисаҳои фототропизм, фотонастия, геотропизм дар растаниҳо.
9.3. Узвҳои ҳаракати бемӯҳраҳо.
9.4. Машғулияти лабораторӣ. Мушоҳидаи ҳаракатии инфузорияи патакча.
9.5. Узвҳои такягоҳу ҳаракати мӯҳрадорон.
9.6. Машғулоти амалӣ. Моделсозии системаи узвҳои такягоҳи ҳайвоноти мӯҳрадор.
БОБИ X. РЕПРОДУКСИЯ, ИНКИШОФ ВА РИВОҶЁБӢ.
10.1. Афзоиши организмҳо.
10.2. Кори лоиҳавӣ. Омӯзиши афзоиши вегетативии растаниҳо.
10.3. Инкишофи фардии растаниҳо.
10.4. Машғулияти амалӣ. Омӯхтани давраҳои ҳаётии растаниҳои тухмдор.
10.5. Афзоиши ҳайвонот.
10.6. Инкишофи фардии ҳайвонот.
10.7. Машғулияти амалӣ. Дар асоси таҳлили қиёсӣ омӯхтани инкишофи дуруст ва нодурусти ҳайвонот.
БОБИ XI. НАМУД, ПОПУЛЯТСИЯ, ЭКОСИСТЕМА, БИОСФЕРА.
11.1. Намуд, популятсия.
11.2. Машғулияти амалӣ. Омӯхтани мутобиқшавии организми зинда ба муҳити беруна.
11.3. Экосистемаҳо. Биосфера.
11.4. Машғулияти амалӣ. Тартиб додани занҷир ва тӯри ғизоӣ.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Биология, 7 синф, Сапаров К., Азимов И., Умаралиева М., 2022 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-17 23:33:32