Обучалка в Телеграм

Таърихи ҷаҳон, 9 синф, Лафасов М., Ҷӯраев У., Холиқов Э., Қодирова Д., 2019


Таърихи ҷаҳон, 9 синф, Лафасов М., Ҷӯраев У., Холиқов Э., Қодирова Д., 2019.

Учебник по истории для 9 класса на таджикском языке.

   Шумо фарзандони Ўзбекистони мустақил ҳастед. Дар аснои омӯхтани таърихи ҷаҳон суханони зерини раҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёевро „...мутаассифона дар дунё, атрофамон қувваҳое ҳастанд, ки вазъи босуботи ҷамъиятамонро аз маҷро бароварда, дар байни одамон низоъ барангехта, тухми душманиро пошида, моҷароҳои гуногунро сар занонданӣ ва ҳатто моил ба хунрезиҳо мебошанд“-ро дар ёд дошта бошед ва бояд идрок кунед, ки решаҳои ин иллатҳо ба охири асри XIX – ибтидои асри ХХ рафта мерасанд.
Шумо ба синфи 9-ум синфи охирини мактаби миёнаи умумӣ қадам ниҳодед. Шумо дар синфи 8-ум аз фанни „Таърихи ҷаҳон“ даври иборат аз ибтидои асри ХVI то нимаи дуюми асри XIX-ро омӯхтед. Дар ин давр инкишофи пешрафти ҷамъият хеле пурзўр шуд. Истеҳсолот боло рафт. Демократияи сиёсӣ расмӣ гардид, шаклҳои ҳукмронии табақаҳои боло такмил ёфт. Шумо акнун даври хеле шавқовар ва дар айни замон бисёр мураккаби таърихи ҷаҳонро меомӯзед. Чунки дар ин давр дар дунё дигаргуниҳои калон рӯй доданд. Хусусияти асосии ин давр дар истеҳсолот барқарор шудани капитализми монополистӣ аст. Синдикатҳо, картелҳо, консернҳои гуногун ба вуҷуд омаданд. Истеҳсолот мутамарказ шуд, ба хориҷа баровардан капитал сар шуд. Якчанд давлатҳо ба чунин дараҷаи тараққиёт расиданд, ки пештар дар тӯли садсолаҳо намерасиданд.

Таърихи ҷаҳон, 9 синф, Лафасов М., Ҷӯраев У., Холиқов Э., Қодирова Д., 2019


Сиёсати хориҷии Франсия.
Аз солҳои 70-уми асри XIX аҳволи байналмилалии Франсия хеле заиф шуд. Франсия баъд аз талафотҳои вазнини ҷанги Пруссия мавқеъашро дар қитъаи Европа аз даст дод. Акнун Франсия аз ҳамлаи Германия ҳамеша хавф мебурд. Хусусан, шартномаи иттифоқии байни Германия ва Австрия-Венгрия мавқеи байналмилалии Франсияро боз ҳам бад кард. Дар чунин вазъият Франсия аз зиддиятҳои байни давлатҳои бузург моҳирона истифода бурда, барои васеъ кардани доираи мустамликаи худ имконият пайдо кард.

Аз охири солҳои 70-уми асри XIX теғи сиёсати мустамликахоҳӣ ба азхудкунии ҳудудҳои аввал истилошуда ва забти мустамликаҳои нав нигаронида шуд. Истилои Туниси Африкаи Шимолӣ соли 1881 дар роҳи истилои мустамликаҳои нав қадами нахустин шуд. Германия дар роҳи забти Тунис ба Франсия махсус халал нарасонд. Мақсади вай тезутунд кардани муносибатҳои Франсия ва Италия буд. Чунки Германия хуб медонист, ки Италия низ аз даъвогарони Тунис аст.

МУНДАРИҶА.
Муқаддима.
Фасли 1 ҶАҲОН ДАР ОХИРИ АСРИ ХIХ – ИБТИДОИ АСРИ XX.
Боби I. МАНЗАРАИ ИҶМОИВУ ИҚТИСОДӢ ВА СИЁСИИ ДУНЁ.
§1. Рӯй додани дигаргуниҳои куллӣ дар инкишофи капитализм дар охири асри ХIХ – ибтидои асри ХХ.
§2. Тамаддуни индустриалӣ.
Фасли II ДАВЛАТҲОИ ЕВРОПА ВА АМЕРИКА.
Боби II. ДАВЛАТҲОИ ЕВРОПАИ ҒАРБӢ ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – ИБТИДОИ АСРИ ХХ.
§3. Ҷанги Франсияю Пруссия ва натиҷаҳои он.
§4. Республикаи Сеюми Франсия ва табаддулоти давлатии 18-уми марти соли 1871.
§5. Ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии Франсия дар охири асри ХIX – ибтидои асри ХХ.
§6. Cиёсати дохилии Франсия.
§7. Сиёсати хориҷии Франсия.
§8. Германия дар охири асри ХIX – ибтидои асри ХХ. Ташкилёбии империя.
§9. Сиёсати дохилии империя.
§10. Сиёсати хориҷии империя.
§11. Аҳволи сиёсию иқтисодии Британияи Кабир дар охири асри ХIX – ибтидои асри ХX.
§12. Сиёсати дохилии Британияи Кабир.
§13. Сиёсати хориҷии Британияи Кабир.
Боби III. ДАВЛАТҲОИ АМЕРИКА ДАР ДАР ОХИРИ АСРИ ХIХ – ИБТИДОИ АСРИ ХХ.
§14. Штатҳои Муттаҳидаи Америка.
§15. Сиёсати дохилии ШМА.
§16. Сиёсати хориҷии ШМА.
§17. Давлатҳои Америкаи Лотинӣ дар охири асри ХIХ – ибтидои асри ХХ.
§18. Давлатҳои дигари Америкаи Лотинӣ.
Боби IV. ИМПЕРИЯИ РОССИЯ, ДАВЛАТҲОИ ЕВРОПАИ МАРКАЗӢ, ҶАНУБУ ШАРҚӢ ОХИРИ АСРИ XIX – ИБТИДОИ АСРИ ХХ.
§19. Аҳволи иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодии империяи Россия дар охири асри XIX – ибтидои асри ХХ.
§20. Сиёсати хориҷии империяи Россия.
§21. Ташкилёбии Думаи давлатии Россия.
§22. Империяи Австрияю Венгрия дар охири асри XIX – ибтидои асри XX.
§23. Сиёсати хориҷии империяи Австрияю Венгрия.
§24. Италия дар охири асри ХIХ – ибтидои асри ХХ.
§25. Давлатҳои Балкан дар охири асри ХIX – ибтидои асри ХХ.
Фасли III ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АФРИКА.
Боби V. ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – ИБТИДОИ АСРИ ХХ.
§26. Япония дар охири асри ХIХ – ибтидои асри ХХ.
§27. Хитой дар охири асри XIX.
§28. Вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии Хитой дар ибтидои асри ХХ.
§29. Ҳиндустон дар охири асри XIX – ибтидои асри ХХ.
§30. Эрон дар охири асри XIX – ибтидои асри ХХ.
§31. Афғонистон дар ибтидои асри XIX – ибтидои асри ХХ.
§32. Давлати Усмонӣ дар охири асри XIX – ибтидои асри ХХ.
Боби VI. КИШВАРҲОИ АФРИКА ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – ИБТИДОИ АСРИ ХХ.
§33. Мамлакатҳои Африкаи Шимолӣ.
§34. Мамлакатҳои тропикӣ ва Африкаи Ҷанубӣ.
Боби VII. ҶАНГИ ЯКУМИ ҶАҲОНИИ СОЛҲОИ 1914 – 1918.
§35. Оғози Ҷанги якуми ҷаҳон ва давоми он.
§36. Ҳаракатҳои ҷанг дар солҳои 1916 – 1917.
§37. Натиҷаҳо ва оқибатҳои Ҷанги якуми ҷаҳон.
Фасли IV ИЛМ ВА МАДАНИЯТ.
Боби VIII. ИНКИШОФИ ИЛМ ВА МАДАНИЯТ ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – ИБТИДОИ АСРИ ХХ.
§38. Инкишофи техника ва илм дар истеҳсолоти моддӣ.
§39. Инкишофи фанҳои аниқ ва табиатшиносӣ.
§40. Таълими халқ. Фанҳои ҷамъиятшиносӣ. Санъат.
§41. Адабиёт.
Иловаҳо.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Таърихи ҷаҳон, 9 синф, Лафасов М., Ҷӯраев У., Холиқов Э., Қодирова Д., 2019 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: :: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-11-20 23:29:42