Обучалка в Телеграм

Нақшакашӣ, 9 синф, Раҳмонов И., 2019


Нақшакашӣ, 9 синф, Раҳмонов И., 2019.

Учебник по черчению для 9 класса на таджикском языке.
 
   Мо дар асри XXI - асри технологияҳои ахбороту коммуникатсия зиндагй карда истода, шоҳиди он мебошем, ки дар асоси истифодаи технологияҳои иноватсионӣ ба ояндаи бузурги давлатамон таҳкурсӣ гузошта мешавад.
Мардуми Ӯзбекистон, асосан ҷавонон бо мақсади аз сидқи дил гузоштани саҳмашон ба ин ҷараёни бунёдкорй монда нашуда, бо меҳнати эҷодгаронаашон пурхурӯшона зиндагй карда истодаанд.
Ҳар як бунёдкорй аз инсон дар такя ба хаёлоти худ муносибати эҷодиро талаб мекунад. Дар бобати офаридани ин гуна эҷодкорӣ аксаран, нақшаҳои гуногуннамудро кашида, аз онҳо истифода бурдан зарур меояд.

Нақшакашӣ, 9 синф, Раҳмонов И., 2019


БУРИШҲО.
Ҳар кадом детал пас аз иҷрои аниқи нақша сохта мешавад. Мувофиқи талаботи стандарт нақшаи деталро баъд аз истифодаи тамоми соддагардониҳо ва шартият дар намудҳои камтарин кашидан мумкин. Баръакси ҳол хондани нақша мураккаб шуда меравад ва хондани геометрияи детал мушкил шуда, чизи (детал) сохта шуда бефоида мегардад.

Бо мақсади аниқ кардани ин ё он қисми шакли детал буриш истифода мегардад. Ҳамчунин барои аниқтар донистани сохти дохили он баробари буриш буришгоҳ ҳам истифода мегардад. Дар чунин ҳолат адади намудҳои детал кам мешавад.

Буриш гуфта усули тасвири шакле, ки дар натиҷаи ба тири он перпендикуляр карда тавассути ҳамворӣ гузарондан фаҳмида мешавад. Сатҳе, ки дар ҳамворӣ ҳосил мегардад бурит номида мешавад. Буриш мувофиқи андоза (стандарт) ба иҷро мерасад. Аз буриш бештар барои аниқ кардани геометрияи навард, тир, шатун барин шакли детал ва хати ҷӯяи барҷаставу ковок истифода мебаранд. Ба воситаи тирҳои ин ҷузъҳо ба тири детал перпендикуляр карда ҳамвории буранда гузаронда шавад, буриши кӯндаланги детал ҳосил мегардад.

Мундариҷа.
Сарсухан.
§1. Такрори мухтасар ва ҷамъбасти донишҳое, ки доир ба нақшакашӣ дар синфи 8-ум омӯхта шудаанд.
§2. Буришҳо.
§3. Намудҳои буриш.
§4. Шартият ва соддагардониҳо дар буришҳо.
§5. Буришгоҳҳо.
§6. Намудҳои буришгоҳ.
§7. Буришгоҳи оддӣ ва маҳаллй. Ишорати онҳо дар нақша.
§8. Кори назоратӣ.
§9. Пайвастани нисфи намуд бо нисфи буришгоҳ.
§10. Тасвири пайвастани як қисми намуд бо як қисми буришгоҳ.
§11. Тасвири буришгоҳ дар проексияҳои аксонометрӣ.
§12. Тасвири буришгоҳ дар диметрияи фронталӣ.
§13. Кашидани эскизи деталҳое, ки буриш ва буришгоҳро талаб мекунанд.
§14. Машгулиятҳои амалй аз рӯи кашидани эскиз ва расми техникӣ.
§15. Кори назоратӣ.
§16. Шартият ва соддагардониҳо дар нақшакашӣ.
§17. Лоиҳакашй оид ба тагйир додани шакли детал.
§18. Масъалаҳои графикӣ доир ба лоиҳакашӣ.
§19. Корҳои графикии эҷодй оид ба тағйир додани ҳолати фазовии детал ва аз нав лоиҳагирӣ.
§20. Нақшаҳои мошинасозӣ. Намуди ҳуҷҷатҳои конструкторӣ ва ашё.
§21. Пайвастҳои ҷудошаванда ва ҷудонашаванда.
§22. Печ ва тасвири онҳо дар нақшаҳо.
§23. Кашидани нақшаи пайвастҳои болтӣ.
§24. Кашидани пайвастҳои шпилкагй.
§25. Кори назоратӣ.
§26. Хондани нақшаҳои оддии васлия.
§27. Масъалаҳо доир ба конструксиякунонӣ.
§28. Кашидани хати рост ва сохтани кунҷ ва шаклҳои ҳамворӣ.
§29. Қисман бо кӯмаки компютер тағйир додани ҳолати фазовии детали оддии додашуда ва шаклҳои он.
§30. Лоиҳакашии анҷомҳо дар компютер.
§31. Нақшаҳои бинокорӣ. Тарҳи бино. Буришгоҳ ва намо (фасад).
§32. Хондани нақшаҳои бинокорӣ.
§33. Кори назоратӣ.
§34. Машғулоти амалӣ доир ба кашидани сартарҳ.
Иловаи 1. Буриши мураккаб.
Иловаи 2. Схемаҳо.
Иловаи 3. Вариантҳо барои иҷрои корҳои графикии 1, 2, 3.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Нақшакашӣ, 9 синф, Раҳмонов И., 2019 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-22 01:27:04