Мусиқӣ, 4 синф, Иброҳимов О., 2020

Мусиқӣ, 4 синф, Иброҳимов О., 2020.

Учебник по музыке для 4 класса на таджикском языке.

   Донишомӯзони азиз! Ҳар як халқ оҳангу навоҳо ва таронаҳои дилнавози худ, яъне мусиқии миллим худро дорад. Мусиқии халқӣ сарвати маънавиамон мебошад, ки аз санҷишҳои зиёди чандинасра гузашта, дар қалби мо ҷой гирифтааст.
Созҳои мусиқии гуногун ва навоҳои миллии аз онҳо садодиҳанда бошад, ана ҳамин қисми ҷудонашавандаи санъати маънавии мо мебошад.
Китоби дарси и дар дасти шумо буда ба хотири баҳраманд гардонидани шумо аз ҳамин зебогии маънавӣ ва сарвати бебаҳо навишта шудааст.
Дар он бо тарзи зиндагонии халқ, сурудҳои бо фаъолияти меҳнатӣ ва маросимҳову идҳои гуногун вобаста буда, оиди созҳои мусиқии миллӣ маълумот мегиред, суруду таронаҳои нодирро мешунавед ва сурудани баъзеи онҳоро меомӯзед. Инчунин, бо сурудҳои оҳангсозон ва композиторони Ӯзбекистон шинос мешавед, ки махсус барои шумоён талабагони азиз эҷод кардаанд.

Мусиқӣ, 4 синф, Иброҳимов О., 2020


ШАКЛҲОИ МУСИҚИИ ОДДӢ (СОДДА). ШАКЛИ БАНД.
Ҳар як асари мусиқӣ ба сохти муайяни худ соҳиб аст. Чунин сохти онро шакли мусиқӣ меноманд. Шаклҳои мусиқӣ аз рӯйи бо кадом жанр офарида шудани асарҳо ва хурдию калониашон гуногун мешаванд. Шаклҳои мусиқии оддиро бештар дар сурудҳои халқӣ дидан мумкин аст.

Сурудҳои халқӣ одатан, дар шакли банд мешаванд. Ин шакл аз чор мисраъи шеърӣ ва аз чор оҳанги ба он мувофиқ таркиб меёбад. Ба ин, сурудҳои «Oh, layli», «Oyijon» мисол мегардад. Инчунин, барои эҷоди мусиқии халқӣ, шакли банди нақаротнок низ вомехӯрад, ки дар он дар байни ҳар як банди мисраъҳои шеърии тағйирёбанда нақароти меомадагӣ бетағйир такрор шуда меистад. Ин гуна шаклҳо асосан ба жанри сурудҳои ялла хос аст.

МУНДАРИҶА.
Пешгуфтор.
Гимни давлатии Республикам Ӯзбекистон.
ЧОРЯКИ ЯКУМ СУРУДҲОИ ХАЛҚИ ӮЗБЕК ВА ТОҶИК.
Дарси 1. Ватанамонро мадҳу ситоиш мекунем.
Шаклҳои мусиқии оддӣ (содда). Шакли банд.
Дарсҳои 2-3. Сурудҳои халқӣ. Лапар (бадеҳа).
Модарҷон. Лапари ҳалқии ӯзбек.
«Аз мо ба шумо ки лозим?». Шеъри Я. Қурбонов, оҳанги М. Насимов.
Воситаҳои ифодаи мусиқӣ.
Дарсҳои 4-5. Ялла.
Яллама ёрим. Яллаи халқии ӯзбек.
Суруди сулҳхоҳон.
Ба шафтолу саволам. Шеъри П. Мӯъмин.оҳанги Н. Норхӯҷаев.
Усул.
Дарсҳои 6-7. Таронаҳои маросимҳои рамазон.
Нишолло. Шеъри Р. Толиб, оҳанги Д. Омонуллаева.
Аломати динамики.
Дарси 8. Таронаҳои алла.
Алла. Таронаи халқии ӯзбек.
Алла. Оҳанги В. Мотсарт.
Модари ҷон модарам. Шеъри Б. Раҳимзода ва М. Фарҳат, оҳанги М. Атоев.
Ривоят дар бораи «Алла».
Дарси 9. Сурудҳои халқии бачагона.
Борон меборад. Оҳанги халқии ӯзбек.
Сафедори сафед ё кабуд. Суруди халқии ӯзбек.
Шод ба мактаб равем. Шеъри Н. Розиқ, оҳанги А. Амонов.
Лад (созу мақом). Пардаи до-маҷор.
МОРЯКИ ДУЮМ. Суруд ва рақсҳои халқӣ.
Дарси 1. Сурудҳои халқӣ.
Суруд. Оҳ, лайлӣ. Суруди халқии ӯзбек.
Офтоб баромад ба олам. Суруди халқии ӯзбек.
Қаторовози ля - минор.
Дарсҳои 2-3. Рақсҳои халқӣ.
Булба. Суруди рақсию халқии белорус.
Шағала. Суруди рақсию халқии қароқалпоқӣ.
Ватан. Шеъри X. Раҳмат, оҳанги X. Ҳасанова.
Тоника.
Дарсҳои 4-5. Сурудҳои меҳнатӣ.
Ӯрчуқ. Суруди халқии ӯзбек.
Бачаи хуб. Шеъри П. Мӯъмин, оҳанги Н. Норхӯҷаев.
Овозҳои устувор ва ноустувор.
Дарсҳои 6-7. Сурудҳои маросими тӯй.
Навои сурнай. Оҳангии халқии ӯзбек.
Ёр-ёр. Суруди халқӣ.
Муноҷот. Ғазали А. Навоӣ, оҳанги И. Икромов.
Муаллими мо.Шеъри Л.Кенчаева, Оҳанги Қ.Ҳикматов.
Супоришҳо барои мустаҳкамкунй.
МОРЯКИ СЕЮМ. Сурудҳои идона ва мавсимй.
Дарсҳои 1-2. Сурудҳои фасли зимистон.
Сардӣ киро меҷӯяд? Шеъри П. Мӯъмин, оҳанги Н. Норхӯҷаев.
Мо аскарем. Шеъри И. Раҳмон, оҳанги Н. Норхӯҷаев.
Сеовозӣ.
Дарсҳои 3-4. Санъати бахшигӣ.
Модарҷон, сиҳат бошед. Оҳанг ва шеъри М. Дадабоев.
Ҷасорати бахшӣ.
Дарсҳои 5-6. Сурудҳои фасли баҳор.
Бойчечак. Суруди халқии ӯзбек.
Баҳор омад. Суруди халқии ӯзбек.
Тӯҳфаи баҳор. Шеъри Н. Назирӣ, оҳанги В. Абдураҳмонов.
Баҳорам. Оҳанги Ю. Раҷабӣ.
Навбаҳор. Шеъри Н. Нарзуллоев, оҳанги Г. Қӯчқорова.
Дарсҳои 7-8. Муждарасонҳои фасли баҳор ва табиат.
Арғамчин. Суруди халқии ӯзбек.
Ҷеғ зан хурӯсам. Суруди халқии ӯзбек.
Булбулча. Шеъри М. Қӯшоқов, оҳанги М. Насимов.
Парда ва нимпарда.
Дарсҳои 9-10. Оҳангсоз Комилҷон Ҷабборов.
Диёрам ту. Шеъри Ҳабибӣ, оҳанги К. Ҷабборов.
Ба ман ҳама баробар. Шеъри А. Бобоҷон, оҳанги А. Амонов.
Аломатҳои алтератсия.
МОРЯКИ ЧОРУМ. Созҳои халқӣ.
Дарсҳои 1-2. Созҳо (асбобҳо)-и мусиқии торӣ.
Баҳор меояд. Шеъри П. Мӯъмин, оҳанги Ш. Ёрматов.
Парасту. Шеъри А. Раҳмон, оҳанги Н. Бобокалонова.
Ривоят дар бораи рубоби афғонӣ.
Андозаи 3/4.
Дарсҳои 3-4. Созҳои мусиқии нафасӣ.
Гул дар чаман. Суруди халқии ӯзбек.
Баҳор. Шеъри 3. Эгамбердиева, оҳанги Ш. Ёрматов.
Сӯиқасди шабона ва навои мушкдона.
Андозаи 4/4.
Дарсҳои 5-6. Созҳои мусиқии зарбӣ.
Андозаи 3/8.
Бачагӣ. Шеъри Дилнур, оҳанги X. Ҳасанова.
Доира.
Дарсҳои 7-8. Оҳангсоз Фахриддин Содиқов.
Қорабайир. Шеъри А. Пӯлод, оҳанги Ф. Содиқов.
Тобистон нағз аст. Шеъри П. Мӯъмин, оҳанги Д. Зокиров.
Гар намедонӣ, бидон. Оҳанги халқии тоҷик.
Супоришҳо барои мустаҳкамкунӣ.
Луғати мусиқӣ.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Мусиқӣ, 4 синф, Иброҳимов О., 2020 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-05-21 23:42:51