Обучалка в Телеграм

Биология, 10 синф, Ғафуров А., Абдукаримов А., Толибова Ҷ., Ишанкулов О., 2017


Биология, 10 синф, Ғафуров А., Абдукаримов А., Толибова Ҷ., Ишанкулов О., 2017.

Учебник по биологии для 10 класса на таджикском языке.

   Китоби дарсии мазкур мувофиқи қарори рақами 187-уми Девони Вазирони Республикаи Ӯзбекистон “Дар бораи тасдиқ кардани стандарти давлатии таълими омӯзиши миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва касбу ҳунар” аз 6 апрели соли 2017, дар асоси стандарти давлатии таълими фанни биология, ки ба муносибати компетенсиявӣ нигаронда шудааст, омода гардид.
Донишомӯзи азиз! Дар синфҳои 5-9 ҳангоми омӯзиши бахшҳои биология мисли ботаника, зоология, одам ва саломатии ӯ, асосҳои ситология ва генетика бо гуногунии шаклҳои ҳаётӣ, хусусиятҳои онҳо, мафҳумҳои асосии биологӣ, назария ва қонуниятҳо шинос шудед. Дар синфи 10 донишҳои аввал омӯхтаатонро дар амал татбиқ намуда, аз дараҷаи сохти поёнии ҳаёт (зист) то ба дараҷаи сохти болоии он ба табиат ба сифати низоми яклухт муносибат кардан, мафҳумҳои биологӣ, назария ва қонуниятҳоро умумӣ кунонда, ба як низом оварданро меомӯзед.
Мазмуни мавзӯъро бо диққат хонда, супоришҳои дар он дар асоси аломатҳои шартӣ додашударо бидуни камбудӣ иҷро кардан барои дар оянда ба сифати шахс ташаккул ёфтан, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ ва соҳиби тафаккури биологӣ гардидани шумо замина тайёр мекунад.

Биология, 10 синф, Ғафуров А., Абдукаримов А., Толибова Ҷ., Ишанкулов О., 2017


МОҲИЯТИ ҲАЁТ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ЗИНДАГӢ.
Моҳияти ҳаёт. Бисёр олимон дар давоми тараққиёти фанни биология барои таъриф додани ҳаёт ҳаракат кардаанд: ҳаёт – биосфераро ҳосил карда, дигар месозад, ҳаёт – содиршавии ҷараёнҳои ҳаётӣ дар организми зинда, ҳаёт – ин ҷараёни худбарпокунандаи ба воситаи аз авлод ба авлод гузарондани ахбори ирсии организмҳои зинда аст.

Моҳияти ҳаёт мафҳуми васеъ дорад. Бинобар таърифи М. В. Волкенштейн: “Организмҳои зинда, биополимерҳои дар Замин мавҷуд: аз кислотаҳои сафед ва нуклеин таркиб ёфтаанд. Онҳо системаи кушоде мебошанд, ки худро идора карда, офарида метавонанд”.

Бинобар таърифи мазкур организмҳои зинда аз муҳити берунӣ ғизоҳои даркориро қабул мекунанд, маҳсулоти нодаркорро ҷудо карда мебароранд, дар асоси ахбори ирсии дар кислотаҳои нуклеин кодгузоришуда синтези сафедаҳоро амалӣ месозад, дар муҳити экологӣ нумӯ карда ривоҷ меёбад вазиёд мешавад.

МУНДАРИҶА.
Муқаддима.
БОБИ 1. МАФҲУМ ДАР БОРАИ НИЗОМҲОИ БИОЛОГӢ.
§1. Биология – фан дар бораи ҳаёт.
§2. Моҳияти ҳаёт ва хусусиятҳои зиндагӣ.
БОБИ II. ҚОНУНИЯТҲОИ УМУМБИОЛОГИИ ДАРАҶАИ МОЛЕКУЛАИ ҲАЁТ.
§3. Дараҷаи молекулаи ҳаёт ва ҷиҳатҳои ба худ хоси он.
§4. Таркиби кимиёвии организмҳои зинда ва доимияти онҳо.
§5. Карбогидратҳо ва липидҳо.
§6. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеин.
БОБИ III. ҚОНУНИЯТҲОИ УМУМБИОЛОГӢ ДАР ДАРАҶАИ ҲУҶАЙРАИ ҲАЁТИ.
§7. Дараҷаи ҳуҷайраи ҳаёт ва ҷиҳатҳои ба худ хоси он.
§8. Мубодилаи моддаҳо – асоси фаъолияти ҳаётии ҳуҷайра.
§9. Мубодилаи пластикӣ. фотосинтез, хемосинтез.
§10. Ҳуҷайра – воҳиди ирсии ҳаёт.
§11. Сикли ҳаётии ҳуҷайра.
БОБИ IV. ҚОНУНҲОИ УМУМБИОЛОГӢ ДАР ДАРАҶАИ ОРГАНИЗМИ ҲАЁТ.
§12. Дараҷаи организми ҳаёт ва ҷиҳатҳои ба худ хоси он.
§13. Навъҳои организмҳои зинда бинобар ғизогирӣ.
§14. Зиёдшавии организмҳо. Зиёдшавии ғайриҷинсӣ.
§15. Зиёдшавии Ҷинсии Организмҳо.
§16. Онтогенез – ривоҷёбии инфиродии организмҳои зинда.
§17. Қонуниятҳои умумии ирсият. Қонунҳои ирсияти Г. Мендел ва моҳияти онҳо.
§18. Ҷуфткунонии дидурага ва полидурага. Қонуни сеюми Г. Мендел.
§19. Назарияи хромосомаи ирсият.
§20. Генетикаи ҷинс.
§21. Ирсишавӣ дар вобастагӣ бо ҷинс.
§22. Таъсири байниҳамдигарии генҳо.
§23. Қонуниятҳои умумии тағйирпазирӣ.
§24. Генетика ва саломатии инсон.
§25. Қасалиҳои ирсии дар одам дучоршаванда. Саломатии репродуктивӣ.
§26. Объектҳои тадқиқоти муҳандисии ген ва таърихи рушд.
§27. Элементҳои генетикии ҳуҷайра.
§28. Ҷараёнҳои ба тағйирёбии ирсияти ҳуҷайра водоркунанда.
§29. Ферментҳои дар муҳандисии ген истифодашаванда.
§30. Гирифтани днк-и рекомбинант.
§31. Ба ирсияти муҳандисии ген асос карда, тағйир додани ирсияти растанӣ.
§32. Дар асоси муҳандисии ҳуҷайра тағйир додани ирсияти ҳайвонҳо гибридома.
§33. Биотехнологияи муҳандисии ген ва ҳуҷайраи асоснокшуда.
§34. Муҳандисии ген ва комёбиҳои фанни биотехнология дар Ўзбекистон.
БОБИ V. ҚОНУНИЯТҲОИ УМУМБИОЛОГИИ ДАРАҶАИ НАМУД ВА ПОПУЛЯТСИЯИ ҲАЁТ.
§35. Дараҷаи намуд ва популятсияи ҳаёт. Мафҳуми намуд. Мезонҳои намуд.
§36. Популятсия – сохти намуд ва воҳиди ибтидоии эволютсия.
§37. Пайдошавии ғояҳои эволютсионӣ.
§38. Корҳои илмии К. линней, Ҷ.Б. Ламарк. Ғояҳои эволютсионии Ҷ. Кюве
§39. Ғояҳои эволютсионии Ч. дарвин.
§40. Қувваҳои ҳаракатдиҳандаи эволютсия. Тағйирпазирии ирсӣ.
§41. Мубориза барои зиндагӣ ва навъҳои он.
§42. Интихоби табиӣ ва намудҳои он.
§43. Мутобиқшавӣ дар олами органикӣ – натиҷаи эволютсия.
§44. Назарияи синтетикии эволютсия.
§45. Пайдоиши намудҳо.
§46. Барои исботи эволютсия далелҳои фанҳои биологияи молекулярӣ, ситология, эмбриология.
§47. Далелҳои илмии анатомияи муқоисавӣ, палеонтология дар исбот кардани эволютсия.
§48. Далелҳои фанни биогеография дар исбот кардани эволютсия.
§49.Типҳои тағйиротҳои эволютсионӣ.
§50. Равияҳои асосии эволютсияи олами органикӣ.
§51. Назарияҳо оиди пайдоиши ҳаёт дар замин.
§52. Назарияи эволютсияи биокимиёвӣ.
§53. Ҳаёт дар эраҳои архей, протерозой.
§54. Ҳаёт дар эраи палеозой.
§55. Ҳаёт дар эраи мезозой, кайназой.
§56. Антропология – фан дар бораи эволютсияи одам.
§57. Зинаҳои асосии эволютсияи одам.
§58. Қувваҳои ҳаракатдиҳандаи эволютсияи одам.
Луғати истилоҳот.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Биология, 10 синф, Ғафуров А., Абдукаримов А., Толибова Ҷ., Ишанкулов О., 2017 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: :: :: :: ::


Следующие учебники и книги:
Предыдущие статьи:


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-21 23:26:01