Биология, 11 синф, Ғафуров А., Абдукаримов А., Толибова Ҷ., Ишанкулов О., 2018.
Учебник по биологии для 11 класса на таджикском языке.
Китоби дарсии мазкур дар асоси талабҳои стандартҳои давлатии таълими мактабҳои таҳсилоти умумӣ тартиб дода шудааст. Мазмуни китоби дарсӣ давоми мантиқии фанни биологияи синфи 10 буда, дар синфи 11 қонуниятҳои умумибиологии дараҷаи биогеосенозӣ ва биосферавӣ, филогенези олами органикӣ омӯхта мешаванд. Мазмуни мавзӯъро бо диққат хонда, дар асоси ишораҳои шартии додашуда пурра иҷро намудани супоришҳои додашуда, дар оянда барои ба сифати шахс ташаккул ёфтан, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ ва ба тафаккури экологӣ соҳиб шудани шумо замина тайёр мекунад.
Боварӣ дорем, ки ба сифати фарзанди комили Ӯзбекистони мустақил асосҳои фанро чуқур аз худ намуда, дар оянда дар асоси компетенсияҳои аз фанни биология аз худ кардаатон касб интихоб менамоед ва дар ҳаёт мавқеи худро меёбад.
ИНКИШОФИ ЭКОЛОГИЯ, ҚИСМҲО ВА МЕТОДҲОИ ОН.
Ақидаҳои нахустин доир ба омӯхтани таъсири омилҳои муҳити атроф ба растаниҳо ва ҳайвонот дар асарҳои файласуфони Юнони қадим акс ёфтаанд. Дар асрҳои X-XII дар асарҳои олимони бузурги Осиёи Миёна ал-Хоразмӣ, ал-Форобӣ, Абӯ райҳон Берунӣ, Ибни Сино доир ба сохти замин, растаниҳои дорувор, ҷойҳои зисти ҳайвонҳо маълумотҳо дода шуданд. Заҳириддин Муҳаммад Бобур дар асари таърихии худ “Бобурнома” доир ба растанӣ ва ҳайвонҳои гуногуни Осиёи Миёна ва Ҳиндустон, паҳншавии онҳо, давраҳои афзоиши онҳо маълумотҳои зиёде овардааст.
Омӯзиши муфассал ва амиқи муҳити зисти организмҳои зинда дар асрҳои XIX-XX сар шуд. Омӯхтани таъсири муҳити атроф ба ҳаёти организмҳои зиндаро аввалин бор олими немис Александр Гумболд сар кард. Вай аввалин шуда аҳамияти омилҳои муҳитро ба ҳаёти растаниҳо омӯхт. Дар аввалҳои асри ХХ дар дохили фанҳои ботаника, зоология ва дигар фанҳои табиӣ равияи экология ташкил ёфт. Оҳистаоҳиста нуқтаи назари экологӣ дар омӯзиши табиат аҳамияти муҳим касб намуд. Дар як қатор мамлакатҳо асарҳое чоп карда шуданд, ки муаммоҳои экологиро васеъ дар бар гирифта буданд. Дар инкишофи экология консепсияи экосистемаи олими англис А. Тенсли ва назарияи биогеосенози олими рус В. Н. Сукачев мавқеи хело муҳимро ишғол мекунад.
МУНДАРИҶА.
Caрсухан.
БОБИ 1. ЭКОЛОГИЯ ВА ҲАЁТ.
§1. Системаҳои биологӣ. Экология – илм дар бораи системаҳои биологӣ.
§2. Инкишофи экология, қисмҳо ва методҳои он.
БОБИ 2. ҚОНУНИЯТҲОИ УМУМИБИОЛОГИИ ДАРАҶАИ ЭКОСИСТЕМАВИИ ҲАЁТ.
§3. Хусусиятҳои дараҷаи экосистемавии ҳаёт. Биогеосеноз – системаи биологӣ.
§4. Қисмҳои таркибии экосистемаҳо.
§5. Муҳити зисти организмҳо. Муҳити об.
§6. Хушкӣ – ҳаво, хок ба сифати муҳити зисти организмҳои зинда.
§7. Омилҳои муҳит ва таснифи онҳо.
§8. Рӯшноӣ – омили экологии муҳит.
§9. Ҳарорат – омили абиотикии муҳит.
§10. Намӣ ба сифати омили экологӣ.
§11. Омилҳои хок ва топографӣ.
§12. Омилҳои биотикии муҳит. Муносибатҳои байни организмҳои зинда.
§13. Омилҳои антропогенӣ.
Кори лаборатории №1.
§14. Структураи популятсионии намуд.
§15. Структураи популятсионии намуд (давомаш).
§16. Сохти трофикии экосистемаҳо.
§17. Маҳсулнокии экосистемаҳо.
§18. Қоидаи пирамидаи экологӣ. Пирамидаи биомасса ва энергия.
Кори лаборатории №2.
§19. Экосистемаҳои табиӣ.
§20. Экосистемаҳои Осиёи Марказӣ ва Ӯзбекистон.
§21. Экосистемаҳои сунъӣ.
§22. Барқарории биогеосенозҳо.
§23. Экологияи инсон.
Кори лаборатории №3.
БОБИ 3. ҚОНУНИЯТҲОИ УМУМИБИОЛОГИИ ДАРАҶАИ БИОСФЕРАВИИ ҲАЁТ.
§24. Хусусиятҳои дараҷаи биосфера. Таълимот дар бораи биосфера.
§25. Сарҳадҳои биосфера.
§26. Таркиби биосфера.
§27. Хусусиятҳо ва функсияҳои моддаи зиндаи биосфера.
§28. Биомассаи биосфера.
§29. Гардиши модда ва энергия дар табиат.
§30. Сикли биогеокимиёвӣ.
§31. Эволютсияи биосфера. Биогенез.
§32. Эволютсияи биосфера. Ноогенез.
§33. Инсон ба сифати омили биосфера. Таъсири аъолияти инсон ба биосфера.
§34. Муҳофизат намудани олами растанӣ ва ҳайвонот.
БОБИ 4. ФИЛОГЕНЕЗИ ОЛАМИ ОРГАНИКӢ.
§35. Тавсифи умумии филогенези олами органикӣ.
§36. Филогенези растаниҳо. Филогенези узвҳои вегетативии растаниҳо.
§37. Филогенези узвҳои генеративии растаниҳо.
Кори лаборатории №4.
§38. Тағйиротҳои эволютсионӣ дар олами ҳайвонот.
§39. Узвҳои худидоракунии организмҳои зинда. Эволютсияи системаи гуморалӣ ва асаб.
§40. Эволютсияи рӯйпӯши бадан ва узвҳои ҳаракати ҳайвонҳо.
§41. Эволютсияи узвҳои нафаскашии ҳайвонҳо.
§42. Эволютсияи узвҳои гардиши хуни ҳайвонҳо.
§43. Эволютсияи узвҳои ҳозимаи ҳайвонҳо.
§44. Эволютсияи узвҳои ихроҷ ва ҷинсии ҳайвонҳо.
Кори лаборатории №5.
Шарҳи мафҳумҳо.
Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Биология, 11 синф, Ғафуров А., Абдукаримов А., Толибова Ҷ., Ишанкулов О., 2018 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.
Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу
Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:
Теги: учебник на таджикском языке :: биология :: Ғафуров :: Абдукаримов :: Толибова :: Ишанкулов :: 11 класс
Смотрите также учебники, книги и учебные материалы:
Следующие учебники и книги:
- Биология, 8 синф, Мавлонов О., Тилавов Т., Аминов В., 2019
- Биология, 8 класс, Мавланов O., Тилавов Т., Аминов Б., 2019
- Biologiya, 8 klas, Mavlonov O., Tilavov T., Aminov В., 2019
- Биоинформационная функция естественных электромагнитных полей, Казначеев В.П., Михайлова Л.П., 1985
Предыдущие статьи:
- Biologiya, 10 klas, Ǵafurov A., Abdukarimov A., Talipova J., 2017
- Biologiýa, 10 synp, Gаfurоw A., Abdukаrimоw A., Тalipоwа J., Işаnkulоw О., 2017
- Биофизика возбудимой клетки, Максимов Г.В., 2016
- Biologiya, 5 klas, Pratov Ó., Toxtaev A., Azimova F., Tillaeva Z., 2020