Обучалка в Телеграм

Санъати тасвирӣ, 6 синф, Муратов Х., Мирхакимова Д., Абдуллаев К., 2022


Санъати тасвирӣ, 6 синф, Муратов Х., Мирхакимова Д., Абдуллаев К., 2022.

Учебник по изобразительному искусству для 6 класса на таджикском языке.

   Донишомӯзони азиз! Бо китоби дарсии “Санъати тасвирӣ” синфи 6-ум шумо ҷанбаҳои ҷолибтар ва муосири санъати тасвириро барои худатон кашф менамоед. Дунёи рангоранг ва босеҳри санъати муосир асрори худро ба шумо мегӯяд.
Бо ёрии китоби дарсӣ шумо дониш, малака ва маҳоратро оид ба усулҳои нави расмкашӣ, аз қабили флуид арт, Pop art, 3D, “Doodling” ва “Zentangle”, сохтани техникаи ҳайкалҳои кинетикӣ, кор кардани расм оиди мавзӯъҳо дар графикаи компютерӣ, соҳиби малака ва маҳорат мегардед.
Китоби дарсии мазкур завқи бадеии эстетикии шуморо ташаккул медиҳад, тафаккури эҷодии шуморо инкишоф медиҳад, ба шумо эҷод кардани ғояҳои инноватсиониро меомӯзонад ва шуморо ба касбу ҳунар ҳидоят мекунад.
Китоби дарсии “Санъати тасвирӣ”-ро чуқур омӯхтанатон ва дар роҳи эҷодии мустақилона муваффақиятҳо орзу мекунем!

Санъати тасвирӣ, 6 синф, Муратов Х., Мирхакимова Д., Абдуллаев К., 2022


КОР КАРДАНИ РАСМ ДАР МАВЗӮИ МИФОЛОГӢ.
Жанри мифологӣ (юнонӣ “muthos” – ҳикояҳо, афсонаҳо), ки дар он анъанаҳо ё афсонаҳои қадимии халқҳои гуногун ба сюжет ҳамчун асос хизмат мекунад. Дар жанри мифологӣ образҳои мусбӣ ва манфии афсонавӣ мавҷуданд. Ба симои мусбӣ паррандаи семурғ мисол мешавад.

Семурғ – дар эҷодиёти назми халқҳои Шарқ образи мурғи афсонавӣ аст. Семурғ рамзи амалҳои наҷиб, монанди парвози баланд, наздик кардани ҷойҳои дур, амалӣ гардонидани орзуҳо мебошад. Дар ибтидо дар мифологияи Эрон пайдо шудааст. Семурғ дар афсона ва ривоятҳои халқии ӯзбек ҳамчун дӯст, ҳимоятгар ва ҳамсафари қаҳрамони мусбӣ таҷассум ёфтааст. Дар байни халқҳои туркӣ семурғ номҳои ҳумо, анқо, мурғи давлатӣ, мурғи бахт, марқумомо, кунтубулғон ва ғайра дорад. Образи семурғ дар афсонаҳои “Қаҳрамон”,”Оинаи ҷаҳоннамо”, “Рустам”, “Кенҷа баҳодур” муфассал тасвир ёфтааст. Образи семурғ дар “Лисон ут-тайр”-и Алишер Навоӣ ва “Паризод ва Бунёд”-и Ҳамид Олимҷон инъикос ёфтааст.

МУНДАРИҶА.
Муқаддима.
ЧОРЯКИ I.
Мавзӯи 1. Кор кардани композитсия дар мавзӯи “Таассуроти тобистонаи ман”.
Мавзӯъҳои 2–3. Кор кардани манзараи тирамоҳ.
Мавзӯъҳои 4–5. Сохтани ҳайкали образҳои миллӣ бо пластикаи хурд.
Мавзӯи 6. Кор кардани расм дар мавзӯи мифологӣ.
Мавзӯи 7. Кор кардани натюрморти эҷодӣ дар мавзӯи тирамоҳ.
Мавзӯи 8. Кори назоратии 1. Бо ранг кор кардани натюрморти эҷодӣ дар мавзӯи тирамоҳ.
Мавзӯи 9. Сохтани композитсияи абстрактӣ бо услуби флуид арт.
ЧОРЯКИ II.
Мавзӯи 10. Кор кардани тасвири одами дар ҳаракатбуда.
Мавзӯи 11. Кор кардани расм дар мавзӯи силуэт.
Мавзӯи 12. Кор кардани иллюстратсия ба асари бадеӣ.
Мавзӯи 13. Кори назоратии 2. Кор кардани расм дар мавзӯи силуэт.
Мавзӯи 14. Кор кардани комикс дар мавзӯи озод.
Мавзӯъҳои 15–16. Санъати миниатюраи Шарқ.
ЧОРЯКИ III.
Мавзӯи 17. Кор кардани композитсия дар мавзӯи сирк (бо услуби озод).
Мавзӯи 18. Кор кардани тасвири ҳайвонот бо услуби Pop art.
Мавзӯи 19. Сохтани модели композитсияи абстрактӣ.
Мавзӯи 20. Кор кардани расм бо услуби 3D.
Мавзӯи 21. Кор кардани расм бо услуби “Zentangle” ва “Doodling”.
Мавзӯи 22. Кор кардани тасвир бо услуби мозаика.
Мавзӯи 23. Сохтани образҳои фантастикӣ аз маводҳои гуногун.
Мавзӯи 24. Сохтани ҳайкали кинетикӣ бо истифода аз маводҳо ва техникаҳои гуногун.
Мавзӯи 25. Кори назоратии 3. Кор кардани расм бо усули “Doodling”.
Мавзӯи 26. Бо услуби стилизатсия сохтани ҳайкал бо истифода аз маводҳои гуногун.
ЧОРЯКИ IV.
Мавзӯи 27. Офаридани эмблема барои тадбир.
Мавзӯи 28. Графикаи плакат.
Мавзӯи 29. Дар графикаи компютерӣ кашидан ва ранг кардани композитсияи абстрактӣ дар мавзӯи коинот.
Мавзӯи 30. Кор кардани расми автомобили модерни дар тасаввурбуда.
Мавзӯъҳои 31–32. Пленер (кор кардан дар ҳавои кушод).
Мавзӯи 33. Кори назоратии 4. Кор кардани расм дар асоси тасаввур дар мавзӯи “Ихтирои ман”.
Мавзӯи 34. Намоишгоҳи эҷодӣ.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Санъати тасвирӣ, 6 синф, Муратов Х., Мирхакимова Д., Абдуллаев К., 2022 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-18 00:27:00