Обучалка в Телеграм

Кимиё, 10 синф, Исматов И., Азаматова Д., Мӯминҷонов M., 2022


Кимиё, 10 синф, Исматов И., Азаматова Д., Мӯминҷонов M., 2022.

Учебник по химии для 10 класса на таджикском языке.

   Имсол Шумо муҳимтарин соҳаи кимиё – кимиёи органикиро меомӯзед. Кимиёи органикӣ як соҳаи босуръат инкишофёбандаи илми кимиё ва истеҳсолот мебошад. Дар айни замон зиёда аз якчанд миллион пайвастаҳои органикӣ мавҷуданд, ки дар байни онҳо моддаҳое ҳастанд, ки то имрӯз дар табиати зинда пайдо нашудаанд. Гирифтани ин моддаҳо натиҷаи фаъолияти илмии кимиёгарон мебошад.
Моддаи органикӣ барандаи моддии ҳаёт дар рӯи Замин мебошад. Дар ҳар як организми зинда даҳҳо пайвастаҳои органикӣ: комплексҳои сафеда, липидҳо, карбогидратҳо, кислотаҳои нуклеинҳо, гормонҳо ва витаминҳо мавҷуданд, ки барои таъмини фаъолияти ҳаётии организм доимо тағйир меёбанд. Ин тағйиротҳо мувофиқи қонунҳое ба амал меоянд, ки хосиятҳои синфҳои гуногуни пайвастаҳои органикиро муайян мекунанд.

Кимиё, 10 синф, Исматов И., Азаматова Д., Мӯминҷонов M., 2022


Дараҷаи оксидшавии пайвастаҳои органикӣ.
Агар як пайвастаи кимиёвиро дорои сохти комилан ионӣ гуфта фараз кунем, заряди шартии элемент дар он дараҷаи оксидшавӣ номида мешавад.

Атомҳои карбон дар пайвастаҳои органикӣ ҳамеша чорвалента мебошанд, яъне онҳо чор банди ковалентиро ташкил медиҳанд. Баръакси валентӣ, ҳолати оксидшавии карбон дар молекулаҳои пайвастаҳои органикӣ метавонад вобаста ба электроманфияти нисбии атомҳои бевосита ба атоми карбон алоқаманд арзишҳои гуногун гирифтан мумкин.

Муайян кардани дараҷаи оксидшавии атомҳои карбон дар молекулаҳои моддаҳои органикиро бо истифода аз формулаи сохти модда анҷом додан мумкин аст. Барои ин формулаи сохти пайвастаро тартиб дода, ҷойивазкунии ҷуфтҳои электронии умумиро нишон додан лозим аст.

МУНДАРИҶА.
БОБИ I. МАФҲУМҲОИ ИБТИДОӢ ОИД БА НАЗАРИЯИ СОХТИ КИМИЁИ ОРГАНИКӢ.
1.1. Таърихи кимиёи органикӣ. Хосиятҳои хоси пайвастаҳои органикӣ.
1.2. Назарияи сохти пайвастаҳои органикӣ.
1.3. Валентӣ ва дараҷаи оксидшавии карбон дар пайвастаҳои органикӣ.
1.4. Изомерия ва намудҳои он.
1.5. Таснифи пайвастаҳои органикӣ.
1.6. Намудҳои реаксияҳои хоси пайвастаҳои органикӣ.
1.7. Номенклатура (номгузорӣ)-и пайвастаҳои органикӣ.
1.8. Ҳалли масъалаҳо ва машқҳо оид ба номенклатура ва изомерияи пайвастаҳои органикӣ.
1.9. Машғулияти амалӣ. Шиносоӣ ва муқоисаи намунаҳои пайвастаҳои органикӣ.
1.10. Машғулияти амалӣ. Таҳлил кардани таркиби пайвастаҳои органикӣ.
БОБИ II. КАРБОГИДРИДҲО.
2.1. Алканҳо.
2.2. Изомерия ва номгузории алканҳо.
2.3. Истеҳсол ва хосиятҳои физикии алканҳо.
2.4. Хосиятҳои кимиёвӣ ва истифодаи алканҳо.
2.5. Номгузорӣ, изомерия ва сохти сиклоалканҳо.
2.6. Истеҳсол хосиятҳо ва истифодаи сиклоалканҳо.
2.7. Номенклатура ва изомерияи алкенҳо.
2.8. Хосиятҳо, истеҳсол ва истифодаи алкенҳо.
2.9. Машғулияти амалӣ. Истеҳсол ва омӯзиши хосиятҳои этилен.
2.10. Номгузорӣ, силсилаи гомологӣ ва изомерияи алкадиенҳо.
2.11. Истеҳсол, хосиятҳо ва истифодаи алкадиенҳо.
2.12. Каучук. Резин.
2.13. Номгузорӣ, силсилаи гомологӣ ва изомерияи алкинҳо.
2.14. Истеҳсол, хосиятҳо ва истифодаи алкинҳо.
2.15. Номгузорӣ, силсилаи гомологӣ ва изомерияи карбогидридҳои хушбӯй.
2.16. Истеҳсол, хосиятҳо ва истифодаи карбогидридҳои хушбӯй.
2.17. Истеҳсол, хосиятҳо ва истифодаи стирол.
2.18. Манбаъҳои табиии карбогидридҳо. Гази табиӣ.
2.19. Нефт ва коркарди нефт.
2.20. Ангиштсанг.
2.21. Машғулияти амалӣ. Сохтани моделҳои куравӣ ва миқёсии карбогидридҳо.
2.22. Босамарона истифода бурдан аз маҳсулоти аз нав коркарди манбаъҳои табиии карбогидридҳо.
2.23. Ҳалли масъала ва машқҳо доир ба синфҳои асосии карбогидридҳо.
2.24. Супоришҳо доир ба боб.
БОБИ III. ПАЙВАСТАҲОИ ОРГАНИКӢИ ОКСИГЕНДОР.
3.1. Номгузорӣ, силсилаи гомологӣ ва изомерияи спиртҳои ҳадноки якатома.
3.2. Истеҳсол, хосиятҳои кимиёвӣ ва истифодаи спиртҳои ҳадноки якатома.
3.3. Спиртҳои бисёратома.
3.4. Хосиятҳои этиленгликол ва глитсерин.
3.5. Машғулияти амалӣ. Таҷрибаҳо оид ба спиртҳои бисёратома.
3.6. Фенолҳо ва спиртҳои хушбӯй.
3.7. Истеҳсол ва истифодаи фенолҳо ва спиртҳои хушбӯй.
3.8. Истеҳсол ва хосиятҳои эфирҳои содда.
3.9. Оксопайвастаҳо. Истеҳсол ва хосиятҳои алдегидҳо.
3.10. Машғулияти амалӣ. Реаксияҳои хоси спиртҳо ва алдегидҳо.
3.11. Истеҳсол ва хосиятҳои кетонҳо.
3.12. Истеҳсол ва хосиятҳои кислотаҳои карбон.
3.13. Ҳалли масъалаҳо оид ба мавзӯи кислотаҳои карбон.
3.14. Эфирҳои мураккаб.
3.15. Машғулияти амалӣ Эфирҳои мураккаб дар растаниҳо.
3.16. Истеҳсол ва хосиятҳои чарбҳо.
3.17. Машғулияти амалӣ: Аз равғанҳо тайёр кардани собун.
3.18. Карбогидратҳо. Моносахаридҳо.
3.19. Дисахаридҳо. Малтоза. Сахароза.
3.20. Полисахаридҳо. Крахмал. Селлюлоза.
3.21. Машғулияти амалӣ. Таҷрибаҳо оид ба карбогидратҳо.
3.22. Нахҳои табиӣ ва сунъӣ.
3.23. Машғулияти амалӣ. Дар асоси реаксияҳои ба худ хос муайян кардани пайвастаҳои органикӣ.
3.24. Ҳалли масъала ва машқҳо оид ба мавзӯъ (1).
3.25. Ҳалли масъала ва машқҳо оид ба мавзӯъ (2).
БОБИ IV. МУҲОФИЗАТИ МУҲИТИ АТРОФ.
4.1. Саноати истеҳсоли моддаҳои органикӣ.
4.2. Партовҳои органикӣ ва технологияҳои аз нав коркарди онҳо.
4.3. Машғулияти амалӣ. Аз нав коркарди коғаз.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Кимиё, 10 синф, Исматов И., Азаматова Д., Мӯминҷонов M., 2022 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-11-17 23:21:35