Обучалка в Телеграм

Технология, 9 синф, Саттарова З., Абдусаломова Н., Аҳмедова Н., 2019


Технология, 9 синф, Саттарова З., Абдусаломова Н., Аҳмедова Н., 2019.

Учебник по технологии для 9 класса на таджикском языке.
 
   Дар синфи 9-ум барои инкишоф додани донишу малакаҳоятон оиди технологияи тайёркунии маҳсулоти ҳунармандӣ, асосҳои истеҳсолот ва рӯзгоршиносӣ, асосҳои электроника, роҳнамун кардан ба интихоби касб, донишҳо оиди тайёркунии лоиҳаи эҷодӣ, ба компетентсияҳо табдил додани онҳо ба шумо ин китоби дарсӣ аз наздик ёрӣ хохад дод.
Дар китоби дарсй аз намунаҳои кор ва аз харитаҳои технологии тайёр кардани маҳсулоти ҳунармандӣ истифода бурда, онҳоро дар шароити мактаб, бо назардошти имконияти синфатон ба амал бароварданатон мумкин. Ин китоби дарсӣ барои расидани шумо ба мақсадҳои чашмдоштатон кӯмаки наздик мерасонад.
Боварӣ дорем, ки донишҳои амалӣ ва малакаҳоятонро, ки дар фанни «Технология» аз бар кардед, дар оянда дар ҳаёти ҳаррӯзаатон истифода бурда, ҳамин тавр устои моҳири касби худ мешавед.

Технология, 9 синф, Саттарова З., Абдусаломова Н., Аҳмедова Н., 2019


Сангҳои мавриди истифодаи заргарӣ.
Аз қадимулайём инсонҳо хусусиятҳои ранг ва ҷилонокии сангҳоро баланд баҳо дода меоянд. Хусусан, сангҳои рангашон сурх, сурхи кушод ба одамон боварӣ ба қуввашонро дода, ҳамчун манбаи муолиҷа истифода мешуданд. Дар асри XIX қимати ин сангҳо на фақат бо рангашон, балки бо хусусиятҳои сахтӣ, тозагӣ ва гуногунии ҳаҷмашон арзиш пайдо карданд.

Дар замонҳои қадим байни мардумони Осиё сангҳои қиматбаҳои фирӯза, марворид, зумрад ва монанди инҳо баҳои баланд доштанд. Зеро онҳо на фақат барои ороишу зебоӣ, балки таъсирашон ба саломатӣ, руҳият низ истифода мешуданд.

Заргарии халқи ӯзбек таърихи қадима дорад. Ба ин соҳа дар даври ҷамоаҳои ибтидой асос гузошта шуда буд. Аз ҳафриёти бостоншиносон маълум аст, ки заргарӣ санъати қадим будааст. Аз асри I пеш аз милод то асри VIII милод дар Айритом, Афросиёб, Далварзинтеппа, Холчаён, Болаликтепппа гувоҳи сохтани ҳайкалчаҳои зебо ва нақшҳои девор пеш рафтани санъати заргарӣ мешавем. Аз тасвирҳои деворҳои Тупроққалъа дар Хоразм аён мешавад, ки дар ҳамон давр занон ба гӯшҳояшон гӯшвораҳои нафисро меовехтаанд (Ин тасвир ба асри III тааллуқ дорад). Ғайр аз ин чизҳои аз биринҷй тайёршуда низ ёфта шудаанд. Ин чизҳои заргарӣ ба асрҳои I-IV мансуб буда, аз Аёзқалъа, Бургутқалъаи Хоразм ва дигар ҷойҳо ёфта шудаанд.

МАЗМУНИ.
Сарсухан.
Соҳаи технология ва дизайн.
БОБИ 1. Технологиям тайёркунии маҳсулоти ҳунармандӣ.
1.1. Маҳсулоте, ки аз тарафи ҳунармандони халқӣ барои экспорт ва бозори дохилӣ истеҳсол карда шудаанд. Материалҳо ва асбобу ускунаҳои нодири мавриди истифодаи ҳунармандӣ.
1.2. Баҳогузории маҳсулоти ҳунармандӣ аз рӯи таъмини алоқамандӣ ва яклухтии шакли берунӣ.
1.3. Яклухтии композитсионӣ. Технологияи сохтани арғунчак.
БОБИ 2. Асосҳои истеҳсолот ва рӯзгоршиносӣ.
2.1. Техника ва роли он дар истеҳсолоти замонавӣ.
2.2. Омилҳо ва истиқболҳои вусъати тараққиёти илму техника дар истеҳсолот. Технологияи замонавӣ ва материалҳои нав.
БОБИ 3. Асосҳои электроника.
3.1. Мафҳуми умумӣ оид ба автоматика ва ускунаҳои автомата.
3.2. Асбобҳои ҳисобкунии рақамӣ ва вазифаи онҳо. Схемаҳое, ки дар асбобҳои ҳисобкунии рақамӣ истифода мешаванд.
3.3. Сохтани роботи оддӣ аз конструктори «lego».
БОБИ 4. Технологияи тайёр кардани лоиҳаи эҷодӣ.
4.1. Усулҳои тайёр кардани вариантҳои гуногуни лоиҳаи чизҳои гуногун дар асоси компонентҳои дизайн.
4.2. Тайёр кардан ва гузаронидани такдимоти лоиҳа.
Соҳаи хизмати сервиси.
БОБИ 1. Технологияӣ тайёр намудани ашёҳои ҳунармандӣ.
1.1. Экспорта ашёҳои ҳунармандӣ ва савдои он дар бозори дохилӣ.
1.2. Бо назардошти шаклу намуд баҳодиҳӣ ба ашёҳои зардӯзӣ.
1.3. Дӯхтани шими бонувон.
1.4. Технологиям болиштдӯзӣ.
БОБИ 2. Асосҳои истеҳсолот ва рӯзгоршиносӣ.
2.1. Техника ва аҳамияти он дар истеҳсолоти замонавӣ.
2.2. Омилҳо ва истиқболи тезондани тараққиёти фан-техника дар истеҳсолот. материалҳои нав ва технологияҳои замонавӣ.
2.3. Мошинаи ҷомашӯӣ. сохт, шартҳои корфармоӣ, қоидаҳои бехатарии техникӣ ҳангоми истифодабарӣ.
2.4. Усулҳои мураккаби бофтан.
2.5. Дизайн ва моделкунӣ.
2.6. Санъати карвинг.
БОБИ 3. Технологиям тайёр кардани лоиҳаи эҷоди.
3.1. Дар асоси компонентҳои дизайн усулҳои тайёр кардани вариантҳои лоиҳаигири вариант (ҷиҳод)-ҳои гуногун.
3.2. Лоиҳаи тақдимоти тайёр кардан ва гузаронидан.
БОБИ 4. Роҳнамоӣ кардан ба касб.
4.1. Технологияи роҳнамоӣ кардан ба касб.
4.2. Сохтани нақшаи шахсй оид ба касб: иҷрои машқҳои амалй оид ба муайян кардани завқи касбй ва моилнокй.
4.3. Ҷамъ кардани маълумотҳо оид ба касбу ҳунари интихобшуда ва таҳлил намудани он.
4.4. Такдимоти кори эҷодӣ дар мавзӯи «нақшаҳои ояндаи ман».
Шарҳи истилоҳот оид ба фани «технология».
Адабиётҳом истифодашуда ва тавсияшаванда.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Технология, 9 синф, Саттарова З., Абдусаломова Н., Аҳмедова Н., 2019 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-30 01:42:12