Обучалка в Телеграм

Санъати тасвирӣ, 7 синф, Сулаймонов А., 2017


Санъати тасвирӣ, 7 синф, Сулаймонов А., 2017.

Учебник по изобразительному искусству для 7 класса на таджикском языке.

   Шумоён аз асосҳои санъати тасвирй сабақ бардошта, оид ба намуду жанрҳои он, мусаввирони номдор ва устодони санъати амалй, пайкарасозон, ҳамчунин асарҳои онҳо соҳиби дониш гардидед, ягон намуди санъати тасвирй ё ки жанри он ба иҷро расондани кори эҷодии мустақилона намоён кардани иқтидори худро омӯхтед. Дар ин соли таҳсил дарсҳои санъати тасвирй ба анҷом мерасанд. Аз ҳамин сабаб оид ба фанни таълимии «Санъати тасвирй» аз устодатон бештар омӯзед. Апалхусус, омӯхтани мавзӯъҳои мураккаби санъати тасвирй - маҷро ва самтҳои санъат, қонуниятҳои рамзнок, санъати қадимаи китобат бо зиракй омӯхтани донишҳоро талаб менамояд.
Дар асл сабақҳои санъати тасвирй шуморо танҳо ба расмкашй ёд намедиҳад, балки ба воситаи санъати тасвирй шумоён бо таърихи маданияти миллӣ, образҳои симоёни бузург, эҷодкорони он, санъати тасвирй, тартиби офаридани композитсияҳои наққошӣ ва пайкаратарошй, оид ба мутаносибии ранг ва шакл соҳиби дониш ва малака гардидед. Ин донишатон дар ҳаёти ояндаатон, бешак, ба шумо кӯмак мерасонад.

Санъати тасвирӣ, 7 синф, Сулаймонов А., 2017


САМТУ МАҶРОҲО ДАР САНЪАТ.
Дар таърихи санъати тасвирй пайдо шудани мачрои импрессионизм бо саиаи таърихии муайяи вобаста аст, ки давраи ислоҳоти бузургро оғоз намудааст. 15 апрели соли 1874 дар намуди рангтасвири санъат ба мачрои импрессионизм асос гузошта шудааст.

Асри XIX дар санъати тасвирй, асосан расмҳои фармоишии аз тарафи вакилони авлодони калонсол, яъне дар намуди шоҳона, ба тарзи қатъӣ дар асоси қонуниятҳои реалистии санъати тасвирии академики офаришуда, ба асархои санъати тасвирй афзудани талаб эҳтиёҷи эстетикии ҳаёти мадании ҳамон даврро муайян карда буд. Вале дар ҳамон давр аз тарафи як гурӯҳ мусаввирон офаридани расмҳо дар зери таъсири муҳити атроф, табиат таассуротро оиди фаслҳои сол, ҳолатҳои тағйирёбандаи он (субҳ, нисфирӯзӣ, шом, ҳам рӯзи офтобию ҳам рӯзи абрнок ва ҳоказо) ғанӣ сохта, кӯчаҳо, хиёбонҳои шаҳр тасвир ёфтанд. Фарқият аз рангтасвири анъанавӣ он буд, ки рангҳоро ба сифати воситаи асосӣ қабул карданд ва дар палитраи худ фақат рангҳои спектрӣ (сурх, зардтоб, зард, сабз, ҳаворанг, кабуди баланд, бунафшранг)-ро истифода бурда, барои бевосита дар оғӯши табиат офаридани асарҳои худ кӯшиданд. Боз як ҷиҳати услуби эҷодии импрессионистҳо дар ҳамин аст, ки онҳо рангҳоро ба воситаи бо ҳамдигар омехта кардан не, балки соидани ранги ҳархела ба воситаи пахлӯ ба паҳлӯ молидан асар офаридаанд. Импрессионистҳо дар асархои худ ба мохирона тасвир кардани нури офтоб, майсаи акнун нумӯъ карда, оби мусаффо, зебогии нилуфарҳои об (расми 2) кӯшидаанд.

МУНДАРИҶА.
Сарсухан.
ЧОРЯКИ ЯКУМ.
Мавзӯи 1. Самту мачрохо дар санъат.
Мавзӯи 2. Рангтасвири импрессиониста.
Мавзӯи 3. Офаридани натурморт бо услуби кубизм.
Мавзӯи 4. Нишонахои рамзй ва гералдика дар санъати тасвирй.
Мавзӯи 5. Шаклҳои рамзй дар санъати Ӯзбекистон.
ЧОРЯКИ ДУЮМ.
Мавзӯи 6. Рамзҳои нақшии Узбекистан.
Маезӯи 7. Низоми образноки санъати ороиши амалй.
Мавзӯи 8. Шакл ва мазмуни санъати ороиши амалй.
Мавзӯи 9. Санъати дизайн.
ЧОРЯКИ СЕЮМ.
Мавзӯи 10. Ёдгориҳои меъмории Узбекистан.
Мавзӯи 11. Меъмории Шарк.
Мавзӯи 12. Шаҳри мақбули ман.
Мавзӯи 13. Манзараи меъморй.
ЧОРЯКИ ЧОРУМ.
Мавзӯи 14. Санъати китобат.
Мавзӯи 15. Санъати графикаи китоби Узбекистан.
Мавзӯи 16. Ҷузъҳои бадей-графикии санъати графикаи китоб.
Мавзӯи 17. Расмхои китоб.
Мавзӯи 18. Тархи китоб.
Иловахо.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Санъати тасвирӣ, 7 синф, Сулаймонов А., 2017 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-11-21 00:12:57