Таърихи Ўзбекистон, 10 синф, Раҷабов Қ., Замонов А., 2017.
Учебник по истории для 10 класса на таджикском языке.
Таърих ба халқ сабақ ва маърифат медиҳад. Таърихро наомӯхта, ояндаро дарк карда намешавад. Ҳар як инсон, ҳар як халқ гузашта ва саргузашти худро ба воситаи дақиқназарона хондану омӯхтан ва мутолиаи китобҳои таърихии аз тарафи аҷдод офаридашуда дониста мегирад. Таърих маҳсули ниҳоят нодир ва муъҷизавии ақлу идрок ва тафаккури инсон аст, ки бо қудрати маънавӣ ва кӯмаки он мо ба тамоми саргузаштҳои одамон ҳамдаму ҳамнафас мегардем, тамоми ҳаяҷону силсилаи асрҳои сипаришуда, муборизаву зиддиятҳоро пеши назар ҷилвагар месозем. Инсон аз таърих таълиму тарбия мегирад, таърих сабақи калон мегардад. Қисмати миллате, ки аз сабақҳои таърих барои худ хулосаи зарурӣ набаровардааст, дирӯзи худро хуб намедонад, худ аз худ равшан аст.
Ҷараёни ба озоди баромадани занону духтарони ӯзбек ва муаммоҳо.
Гузарондани ҳаракати «Ҳуҷум». Ҳаёти занон ва духтарони ӯзбек дар давоми асрҳо дар асоси нишондодҳои шариату дини ислом ба роҳ монда шуда буд. Ба «озодӣ» баровардани бонувони Шарқ, ҳуҷум овардан ба тарзи зиндагонии кӯҳна, партофтани чачвон ва фаранҷии бонувон ва тезтар ҳамроҳ шудан ба сафи бунёдкорони замони нав барин муаммоҳо дар тартиби рӯз гузошта шуд. Аз ҷониби болшевикон дар республикаҳои Осиёи Миёна, хусусан Ӯзбекистон дар фурсати кӯтоҳ муаммои мазкур оҷилан ҳал гардид, оқибат бисёр меҳрумиятҳо рӯй дод, бисёр занону духтарон бо тазйиқи тарафдорони ҳаёти кӯҳна ва хурофот аз тарафи қарибони худ кушта шуданд. Ба озодй баровардани бонувони ӯзбек ва ба тарзи зиндагонии нав ҷалб сохтани онҳо дарҳақиқат зарур буд. Вале ин корро болшевикон ва вакилони ҳокимияти шӯравй бо роҳи суръатфизоии интихоб кардаашон не, балки ба оҳистагй ва марҳала ба марҳала ба иҷро мерасонданд, қурбониҳо зиёд ва маҳрумиятҳо намешуданд.
Моҳи сентябри соли 1926 маъракаи «Ҳучум» дар шӯроҳои занону духтарони Осиёи Миёна эълон гардида, дар 8 марта соли 1927 ба оғоз ёфтани он қарор карданд. Декабри соли 1926 барои гузарондани маъракаи «Ҳуҷум» дар республикаҳои Осиёи Миёна, хусусан Ӯзбекистон комиссияҳои махсус ташкил ёфтанд. 8 марта соли 1927 гирдиҳамоиҳои оммавй огоз ёфтанд. Дар онҳо беш аз 100 ООО нафар занону духтарон фаранҷиҳои худро дар гулханҳо сӯзонданд. Лекин сиёсати баланд бардоштани суръати ба озодй баровардани занону духтарони ӯзбек аз ҷониби ҳизби болшевикон ба оқибатҳои гарон овард.
МУНДАРИҶА.
Муқаддима.
Боби I. Ба роҳ мондани Ҳокимияти Шӯравӣ дар кишвари Туркистон ва муборизаи халқи ӯзбек барои истиқлолият (солҳои 1917-1924).
§1. Кишвари Туркистон дар байни феврал-октябри соли 1917.
§2. Ба тарзи маҷбурӣ ба роҳ мондани ҳукумати шӯроҳо дар Туркистон ва диктатураи болшевикон.
§3. Мухторияти Туркистон - марҳалаи нав дар таърихи давлатдории халқҳои таҳҷоӣ.
§4. Ба роҳ мондани низоми идораи ҳокимияти шӯроҳо дар Туркистон ва тағйиротҳо дар соҳаи иқтисодиёт.
§5. Ҷунбишҳои силоҳнок ба муқобили ҳокимияти шӯравӣ дар РШСМ Туркистон.
§6. Мубориза барои ислоҳот дар Аморати Бухоро, инчунин аз ҷониби лашкари сурх вожгун сохтани ҳокимияти амирӣ. Ташкилёбии РХШБ ва фаъолияти он.
§7. Вазъияти хонигарии Хева, инчунин вожгуншавии ҳокимияти хонигарй. Ташкилёбии РШХХ ва ислоҳоти гуногун.
§8. Мубориза ба муқобили лашкари сурх дар РШСБ ва РШХХ.
§9. Гузарондани сарҳадбандии миллй-ҳудудй дар республикаҳои Осиёи Миёна ва оқибатҳои он.
Боби II. Сиёсати пешбурдаи ҳокимияти шурави нисбати Узбекистон (солҳои 1925-1939).
§10. Ташкил ёфтани РШС Ӯзбекистон.
§11. Сиёсати коллективигардонӣ дар хоҷагии деҳоти Ӯзбекистон ва бадарғакунии кулакҳо.
§12. Дар Ӯзбекистон ба амал баровардани сиёсати индустриякунонӣ ва масъалаи кадрҳо.
§13. Ҷараёни ба озодӣ баромадани занону духтарони ӯзбек ва муаммоҳо.
§14. Сиёсати мадании пешбурдаи ҳокимияти шӯравӣ дар Ӯзбекистон.
§15. Сиёсати табъиди ҳокимияти шӯравй дар Ӯзбекистон: моҳият ва оқибатҳои он.
Боби III. Ӯзбекистон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон (солҳои 1939-1945).
§16. Оғозёбии Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ба гирдоби ҷанг кашида шудани Ӯзбекистон.
§17. Саноат ва кишоварзии Ӯзбекистон дар хизмати фронт.
§18. Ҷасорат ва қаҳрамонии ӯзбекистониён дар фронт.
§19. Илм ва маданияти Ӯзбекистон дар хизмат барои ғалаба.
Боби IV. Вазъия ги иҷтимоӣ-иқтиеодии Ӯзбекистон ва муаммоҳои ривоҷёбӣ (солҳои 1945-1959).
§20. Аҳволи хоҷагии халқи Ӯзбекистон баъди ҷанг.
§21. Табъидкунии зиёиён ва фош гардидани шахспарастӣ дар ҷамъияти шӯравӣ.
§22. Яктарафа ривоҷёбии саноат дар Ӯзбекистон.
Боби V. Ӯзбекистон дар давраи тараққиёти барқарор (солҳои 1959-1983).
§23. Тағйиротҳо дар ҳаёти сиёсии Ӯзбекистон, инчунин тобеъгии шӯроҳо ба мақомоти ҳизбӣ.
§24. Ба вуҷуд омадани саноати сӯзишворӣ ва маъдани кӯҳӣ дар Ӯзбекистон инчунин тағйиротҳо дар таркиби миллии аҳолй.
25-§. Душвор шудани вазъи экологӣ дар Ӯзбекистон ва фоҷиаи Арал.
Боби VI. Инқирози ҳокимияти шурави дар Ӯзбекистон ва ҳаракатҳо барои истиқлолият (солҳои 1989-1991).
26-§. Кори пахта дар Ӯзбекистон ва оқибатҳои он.
27-§. Сиёсати бозсозӣ ва инқирози он. Фоҷиаҳои Фарғона.
28-§. Ӯзбекистон дар остонаи ба даст овардани истиқлол.
Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Таърихи Ўзбекистон, 10 синф, Раҷабов Қ., Замонов А., 2017 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.
Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу
Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:
Теги: учебник на таджикском языке :: история :: Раҷабов :: Замонов :: 10 класс
Смотрите также учебники, книги и учебные материалы:
Следующие учебники и книги:
- Ózbekstan tariyxı, 11 klas, Juraev N., Zamonov A., 2018
- Jáhán tariyxı, 11 klas, Ergashev Sh., Xodjaev B., Abdullaev J., 2018
- Özbegistanyň taryhy, 11 synp, Joraýew N., Zamanow A., 2018
- Dünýä taryhy, 11 synp, Ergaşew Ş., Hodjaýew B., Abdullaýew J., 2018
Предыдущие статьи:
- Таърихи ҷаҳон, 10 синф, Эргашев Ш., Хоҷаев Б., Абдуллоев Ҷ., 2017
- Ózbekistan tariyxı, 10 klas, Rajabov Q., Zamonov A., 2017
- Jáhán tariyxı, 10 klas, Ergashev Sh., Xodjayev B., Abdullayev J., 2017
- Dúnya dinleri tariyxí, 10 klas, Islomov Z., Rahimjonov D., Najmiddinov J., 2017