Обучалка в Телеграм

Таърихи динҳои дунё, 11 синф, Исломов З., Раҳимҷонов Д., Наҷмиддинов Ҷ., Исматова Н., 2018


Таърихи динҳои дунё, 11 синф, Исломов З., Раҳимҷонов Д., Наҷмиддинов Ҷ., Исматова Н., 2018.

Учебник по истории для 11 класса на таджикском языке.

   Фанни “Таърихи динҳои дунё”-ро омўхта, сарфи назар аз эътиқодатон дигар динҳоро паст назада, ба қоидаҳои ҳурмат намудани ҳиссиёти динии дигарон бояд риоя кунед.
Мавзўъҳои китоби дарсӣ ба фаслҳо тақсим шудаанд. Дар ҳар як фасл мафҳумҳои асосии дар дарс омўхтаатон, маълумоти иловагӣ оид ба мавзўъ, фикрҳои ибратомези алломаҳо ва арбобони бузурги давлатӣ, факту далелҳои аҷиб, фаъолияти эҷодӣ ва барои мустаҳкам кардани донишатон саволҳо ҷой гирифтаанд. Шарҳи баъзе истилоҳҳоро, ки дар матн вомехўранд, аз луғати дар охири китоб ҷойгирифта ёфтан мумкин.

Таърихи динҳои дунё, 11 синф, Исломов З., Раҳимҷонов Д., Наҷмиддинов Ҷ., Исматова Н., 2018


МУНОСИБАТҲОИ ДАВЛАТ ВА ДИН ДАР ЎЗБЕКИСТОН.
Дар Ўзбекистон муносибате, ки байни давлат ва дин ташаккул ёфтааст, аз рўи моҳият, мазмун ва асосҳои ҳуқуқиаш дар заминаи аз давлат ҷудо будани дин ва озодии виҷдон, принсипи таҳаммулпазирии конфессионалӣ арзи вуҷуд намудааст. Дар Конститутсияи мамлакатамон аз давлат ҷудо будани ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ ва дар назди қонун баробар будани онҳо қайд шудааст. Дар айни вақт ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ дахолат накардани давлат низ муқаррар гардидааст.

Ин масъала мазмуни Қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ”-ро ташкил мекунад. Ин тамоил дар мамлакат ба корҳои динӣ дахолат накардани давлатро, дин бошад ба корҳои давлатро (ҳолатҳои дар ҳуҷҷатҳои қонунӣ зикршуда аз инҳо мустасно мебошанд) мефаҳмонад. Дар айни замон дар Қонуни Асосиамон аз тарафи давлат таъмин шудани ҳурмат ба забон, урфу одат ва анъанаи ҳамаи миллат ва қавмҳои сокини ҳудудаш, фароҳам овардани шароит барои инкишофи онҳо таъкид шудааст.

Мундариҷа.
Сарсухан.
§1. Ташаккул додани муҳити бехатарӣ ва субот дар Ўзбекистон.
§2. Тамоилҳо дар диншиносии муосир.
§3. Муносибатҳои давлат ва дин.
§4. Дин ва ҳаёти иҷтимоӣ.
§5-6. Динҳои Осиёи Марказӣ.
§7. Сарчашмаҳои динҳои ҷаҳонӣ. Буддавия ва насронӣ.
§8–9. Ислом дар асрҳои XX-XXI.
§10–11. Равияҳо ва сектаҳо дар дини ислом дар асрҳои ХХ-ХХI.
§12-13. Нақши Ўзбекистон дар муборизаи зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм.
§14-15. Тариқатҳо дар асрҳои XX–XXI.
§16-17. Дин ва маданият дар асрҳои ХХ–XXI.
§18–19. Анъана ва маросимҳои динӣ дар асрҳои XX–XXI.
§20-21. Шабакаи замонавии ахборот ва омили дин.
§22-23. Манзараи конфессионалии дунё дар асрҳои XX–XXI.
§24. Миссионерӣ ва прозелитизм дар асрҳои XX–XXI.
§25. Маданияти таҳаммулпазирии динӣ ва мулоқоти байниконфессиявӣ.
§26–27. Таълими динӣ дар Ўзбекистон.
Тавзеҳот.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Таърихи динҳои дунё, 11 синф, Исломов З., Раҳимҷонов Д., Наҷмиддинов Ҷ., Исматова Н., 2018 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: :: :: :: ::


Следующие учебники и книги:
Предыдущие статьи:


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-20 23:38:58