Учебник по литературе для 10 класса на таджикском языке.
Дар китоби «Методикаи таълими адабиёт» салоҳиятҳои чаҳор унсур - гӯш кардан (шунидан), гуфтан, хондам, навиштан, инчунин фаъолияти тарафайни омӯзгор ва донишомӯзон дар ҷараёни даре ва берун аз он, маҷмӯи навиштаҷоти шасту ҳашт номгӯи дарсҳои яксоата, нақшаи тақвимӣ-мавзӯӣ, маълумот қисме аз «Дастури миллии таълим», бозиҳои дидактикии инкишофдиҳандаи захираи луғавӣ ва нутқу тафаккур, тасвирҳои сужетдору органейзерҳои гуногуннамуди таълимӣ, ҷавоби тесту чистонҳои китоби дарсӣ мавриди баррасӣ қарор ёфтааст.
Нақшаи навиштаҷот на ба шакли муқаррарӣ, балки дар шакли тавсияву маслиҳатҳои методӣ омода гардид. Дар ҳар як зинаи дарс маслиҳатҳои методие дода шудаанд, ки барои беҳтар ва самаранок гардидани зинаву марҳилаҳои дарс аз наздик ёрӣ мерасонад.
Китоби «Методикаи таълими адабиёт», ки он бори аввал чоп мешавад, аз нуқсону камбудиҳо низ орӣ нест. Дархосту пешниҳодҳоятонро ҷиҳати такмилу тавсеа бо мамнуният қабул менамоем.








