Учебник по физике для 6 класса на таджикском языке.
Китобе, ки дар даст доред, барои шумо аввалин китоби дарсии фанни нави омґзишии «Физика» ба ҳисоб меравад. Омґхтани фанни
физикаро оянда дар синфҳои 7–9-ум низ давом медиҳед. Аз чҝ сабаб фанни физикаро омґхтан лозим?
Агар шумо ба атроф назар кунед, боридани барф ё борон, абрҳои дар осмон шинокунанда, ҹґйбор ё дарёи обаш ҹориро мебинед. Ҳамаи инҳо ҳодисаҳои табиат ба шумор мераванд. Дигаргуниҳо дар табиате, ки Шумо ва моро иҳота кардааст, бевосита ба ҳаёти мо таъсир мекунад. Омґхтани қонуниятҳои ҳодисаву ҹараёнҳои табиат имкон медиҳад, ки аз онҳо пурратар истифода барем. Ин қонуниятҳоро омґхта инсон мошинро ихтироъ намуд, ки меҳнати вайро сабук менамояд. Мо ҳаёти ҳаррґзаи худро бе электр (барқ), сґзишворҝ ва оби соф тасаввур карда наметавонем.








