Асосҳои дониши иқтисодӣ, 8 синф, Сариқов Э., Хайдаров Б., 2019.
Учебник по экономике для 8 класса на таджикском языке.
Фрагмент из книги:
Ба атроф дақиқназарона нигоҳ кунем, ба пайдоиши хелҳои нави мол ва адои хизмат, тағйирёбии талабу хохиши одамон, хусни нав гирифтани кӯчаҳо, шаҳру деҳаҳо гувоҳ мегардем. Дар ана ҳамин олами навшаванда зиндагонӣ кар да, шумо ҳам ба ҳар як тағйирот муносибати худро баён карданатон, ба шароити нав мутобиқ гардиданатон зарур аст.
Иқтисодиёт дар байни ҷабҳаҳои ҳаёт аз ҳама бештар тағйирёбанда аст. Зеро шарту шароити барои хуб зиндагонӣ кардани одамон лозимро ҳар рӯз фароҳам оварданаш зарур мебошад. Дар табиат нон, сару либос ва хонаву ҷой дар ҳолати тайёр вуҷуд надорад. Инсон маҷбур аст, ки тамоми ашёеро офарад, ки дар табиат дар шакли тайёр вуҷуд надорад. Ба ин мақсад вай хоҷагии нахустини бузургро, ки «иқтисодиёт» ном дорад, дар оғӯши табиат бар по намуд. Ҳоли ҳозир иқтисодиёт воситаи ягонаи дар рӯи замин зиндагӣ кардану камол ёфтани инсон мебошад.
