Санъати тасвирӣ, 6 синф, Муратов Х., Мирхакимова Д., Абдуллаев К., 2022.
Учебник по изобразительному искусству для 6 класса на таджикском языке.
Донишомӯзони азиз! Бо китоби дарсии “Санъати тасвирӣ” синфи 6-ум шумо ҷанбаҳои ҷолибтар ва муосири санъати тасвириро барои худатон кашф менамоед. Дунёи рангоранг ва босеҳри санъати муосир асрори худро ба шумо мегӯяд.
Бо ёрии китоби дарсӣ шумо дониш, малака ва маҳоратро оид ба усулҳои нави расмкашӣ, аз қабили флуид арт, Pop art, 3D, “Doodling” ва “Zentangle”, сохтани техникаи ҳайкалҳои кинетикӣ, кор кардани расм оиди мавзӯъҳо дар графикаи компютерӣ, соҳиби малака ва маҳорат мегардед.
Китоби дарсии мазкур завқи бадеии эстетикии шуморо ташаккул медиҳад, тафаккури эҷодии шуморо инкишоф медиҳад, ба шумо эҷод кардани ғояҳои инноватсиониро меомӯзонад ва шуморо ба касбу ҳунар ҳидоят мекунад.
Китоби дарсии “Санъати тасвирӣ”-ро чуқур омӯхтанатон ва дар роҳи эҷодии мустақилона муваффақиятҳо орзу мекунем!
