Учебник по музыке для 2 класса на таджикском языке.
Саёҳати мо ба олами сеҳрноки мусиқӣ идома дорад. Дар ин соли хониш шуморо бисёр маълумоти нав ва ҷолиб интизор аст. Шумо чӣ будани оҳанг ва сурудро дарк мекунед, дар бораи нотаҳои чоряк, нимчоряк ва андозаҳои мусиқӣ маълумот пайдо мекунед. Аз садои ҷарангоси асбобҳои миллиамон танбӯр ва ғиҷҷак баҳраманд мегардед.
Бо як қатор истилоҳҳои мусиқӣ ошно гардида, мусиқиро хубтару бештар дарк мекунед. Дар бораи Ватанамон, табиати зебои он, дӯстӣ ва сулҳу амният бисёр суруду оҳангҳоро мешунавед, меомӯзед ва месароед. Ба ғайр аз ин, супоришҳои ба мисли фикр намудан, фикр карда дарёфтан ва эҷод намуданро иҷро менамоед.








