Технология, 9 синф, Саттарова З., Абдусаломова Н., Аҳмедова Н., 2019.
Учебник по технологии для 9 класса на таджикском языке.
Дар синфи 9-ум барои инкишоф додани донишу малакаҳоятон оиди технологияи тайёркунии маҳсулоти ҳунармандӣ, асосҳои истеҳсолот ва рӯзгоршиносӣ, асосҳои электроника, роҳнамун кардан ба интихоби касб, донишҳо оиди тайёркунии лоиҳаи эҷодӣ, ба компетентсияҳо табдил додани онҳо ба шумо ин китоби дарсӣ аз наздик ёрӣ хохад дод.
Дар китоби дарсй аз намунаҳои кор ва аз харитаҳои технологии тайёр кардани маҳсулоти ҳунармандӣ истифода бурда, онҳоро дар шароити мактаб, бо назардошти имконияти синфатон ба амал бароварданатон мумкин. Ин китоби дарсӣ барои расидани шумо ба мақсадҳои чашмдоштатон кӯмаки наздик мерасонад.
Боварӣ дорем, ки донишҳои амалӣ ва малакаҳоятонро, ки дар фанни «Технология» аз бар кардед, дар оянда дар ҳаёти ҳаррӯзаатон истифода бурда, ҳамин тавр устои моҳири касби худ мешавед.
