Учебник по музыке для 3 класса на таджикском языке.
Китоби «Мусиқӣ»-е, ки дар даст доред, чун дигар китобҳои дарсӣ бо шарофати Истиқлол рӯйи чопро дида, ба неъмати Истиқлол мубаддал ёфт.
Барои шумоён ҳар як китоби дарсӣ ва адабиёти таълимӣ мувофиқи мавқеаш азиз аст. Чунки онҳо дониш ва тафаккуратонро ташаккул медиҳанд, ба сӯйи истиқбол равона месозанд.
Мусиқӣ инсонро ба дунёи савту оҳангҳои ғароиб даъват месозад, эҳсосоташро нозук, дидашро сайқал медиҳад, барои дӯст доштани зебогӣ ёд медиҳад.
Шумо дар синфи 3-юм баробари бодиққат шунидани оҳангҳои мусиқӣ малакаи дилангез ва хушоҳанг иҷро кардани сурудҳоро ёд мегиред, бо эҷодиёти оҳангсозони нав шинос мешавед, маҳорати мусиқиатонро боз ҳам бой мегардонед.








