Обучалка в Телеграм

учебник на таджикском языке

География, 5 синф, Fуломов П.Н., Курбонниёзов Р., 2015

География, 5 синф, Fуломов П.Н., Курбонниёзов Р., 2015.

Учебник по географии для 5 класса на таджикском языке.

   Шумо аз ин сол сар карда фанни нав — географияро меомґзед. Аїдодони бузурги мо географияро хуб медонистанд, барои μамин, дар бораи ин фан маълумотμои пуріимат ва шавіовар навишта, боіє гузоштаанд.
Барои хуб омґхтани география, дар Шумо, ба Іайр аз китоби дарсии дар дастатон буда, атлаcи «Курси ибтидоии географияи табиє», харитаи ангорє ва дафтари катак шуданаш зарур. Инчунин, іаламμои ранга, хаткашак, хаткушак, cиркул ва барои иїрои баъзе супоришμо бошад, компаc ва глобуc μам лозим мешаванд.
Ґангоми иїрои супоришμо, ёфтани їавоб ба саволμое, ки дар охири параграф дода шудаанд, истифода бурдани расм ва харитаμои китобро аз хотир набароред.
  
География, 5 синф, Fуломов П.Н., Курбонниёзов Р., 2015
Скачать и читать География, 5 синф, Fуломов П.Н., Курбонниёзов Р., 2015
 

Таърихи динҳои дунё, 11 синф, Исломов З., Раҳимҷонов Д., Наҷмиддинов Ҷ., Исматова Н., 2018

Таърихи динҳои дунё, 11 синф, Исломов З., Раҳимҷонов Д., Наҷмиддинов Ҷ., Исматова Н., 2018.

Учебник по истории для 11 класса на таджикском языке.

   Фанни “Таърихи динҳои дунё”-ро омўхта, сарфи назар аз эътиқодатон дигар динҳоро паст назада, ба қоидаҳои ҳурмат намудани ҳиссиёти динии дигарон бояд риоя кунед.
Мавзўъҳои китоби дарсӣ ба фаслҳо тақсим шудаанд. Дар ҳар як фасл мафҳумҳои асосии дар дарс омўхтаатон, маълумоти иловагӣ оид ба мавзўъ, фикрҳои ибратомези алломаҳо ва арбобони бузурги давлатӣ, факту далелҳои аҷиб, фаъолияти эҷодӣ ва барои мустаҳкам кардани донишатон саволҳо ҷой гирифтаанд. Шарҳи баъзе истилоҳҳоро, ки дар матн вомехўранд, аз луғати дар охири китоб ҷойгирифта ёфтан мумкин.

Таърихи динҳои дунё, 11 синф, Исломов З., Раҳимҷонов Д., Наҷмиддинов Ҷ., Исматова Н., 2018
Скачать и читать Таърихи динҳои дунё, 11 синф, Исломов З., Раҳимҷонов Д., Наҷмиддинов Ҷ., Исматова Н., 2018
 

Адабиёт, 11 синф, Ҳамроев Ҷ., Давлатов О., Хамидов X., 2018

Адабиёт, 11 синф, Ҳамроев Ҷ., Давлатов О., Хамидов X., 2018.

Учебник по литературе для 11 класса на таджикском языке.

   Таърихи адабиёти навин ҷузъи таърихи адабиёти ҳазорсолаи тоҷикист ва махсусиятҳои адабиёти ин давраро ифода мекунад. Барой амиқ донистани ҳодисаҳои таърихи адабиёт ва дарёфти заминаҳои воқеии инкишофи он, омӯзиши давраҳои ташаккули он ниҳоят муҳим мебошад.
Албатта, хонандаи огоҳ ба қадри арзишҳои воқеии бадей новобаста ба шароити ба вуҷудоии онҳо мерасад ва ба онҳо мустақиман баҳо медиҳад. Вале таърихи ҷараёни адабӣ ин гуна санадҳоро наметавонад фуру гузорад. Мутаассифона, адабиётшиносии замони шӯравии тоҷик дар ин замина роҳи мустақим надошт. Вай асосан тобеи шиорбозиҳои давлат ва ҳизби эҷодгари идеологияи расми ва зӯровар буд. Маҳз дар ҳамин замина адабиёти тоҷик чун саҳнаи фаъолияти чеҳраҳои баргузидаи адаби шинохта шуда, эҷодиёти намояндагони он дар қиёс бо намояндагони ҳамин гуна шахсиятҳои адабиёти иттифоқ таҳлилу тадқиқ мешуд.

Адабиёт, 11 синф, Ҳамроев Ҷ., Давлатов О., Хамидов X., 2018
Скачать и читать Адабиёт, 11 синф, Ҳамроев Ҷ., Давлатов О., Хамидов X., 2018
 

Забони тоҷикӣ, 10 синф, Кабиров М., Чориев Т., Ҳамидов X., 2017

Забони тоҷикӣ, 10 синф, Кабиров М., Чориев Т., Ҳамидов X., 2017.

Учебник по таджикскому языку для 10 класса на таджикском языке.

   Илму дониш чароғи нурбахш аст. Бо нури оаввар созед. Баҳри омӯхтани илми услубшиноси саъю кӯшиш намоед. Вале бидонед, ки илмомӯзӣ бе ранҷ муяссар намешавад. Аз ранҷи таҳсил натарсида пайваста бихонеду биомӯзед. Он гоҳ киштии орзуи ҳар яки шумо ба соҳили мурод мерасад.
Ба шумо дар омӯзиши имконоти услубии дастури забои ва мавридҳои гузориши аломатҳои китобат, инчунин дар роҳи ба даст овардани маҳорати сухансанҷӣ бурдбориҳо таманно дорем. Барой тозагӣ ва равнақи дастёри беминнат — забони модарии худ, ки мероси пурарзиши ниёгонамон аст, кӯшиш намоед.

Забони тоҷикӣ, 10 синф, Кабиров М., Чориев Т., Ҳамидов X., 2017
Скачать и читать Забони тоҷикӣ, 10 синф, Кабиров М., Чориев Т., Ҳамидов X., 2017
 

Асосҳои маънавият, 10-11 синф, Қӯчқоров В., Маҳмудов О., Замонов З., 2018

Асосҳои маънавият, 10-11 синф, Қӯчқоров В., Маҳмудов О., Замонов З., 2018.

Учебник по основам духовности для 10-11 класса на таджикском языке.

   Дар дунё ҳар як чиз мағз ва моҳият дорад. Моҳияти одамизод дар эҷодкорӣ, иродаи мустаҳкам, дину диёнат, ба дигарон ба кӯмаки холис омадан, дар вақти ба сари дигарон офату ғам афтидан тасаллият додан ва ба шодии онҳо ҳам шарик будан, меҳру оқибат ифода меёбад, агар ба як калима гӯем, олами маънавии зеборо ташкил медиҳад.
Китоби дарсии мазкур ҷавонони донишомӯзро водор месозад, то ки асолати маънавиро ба воситаи тафаккури миллӣ ва асосҳои ҷаҳонбинии солим, истодагарӣ бар зидди таҷовузҳои маънавӣ, тарбияи инсонҳои боматонат, фидоӣ, ватанпарвар дарк намоянд. Дар оғози ҳар як мавзӯъ савол ва супоришҳои фаъолкунанда дода шудааст. Дар бисёр мавридҳо мисолҳо аз ҳаёти худи Шумо ва ҳамсолонатон гирд оварда шуд. Онҳо барои ба хотир овардани он дониш ва малакаҳое, ки дар синфҳои ибтидоӣ гирифтед, чун имтиҳон хизмат мекунанд.

Асосҳои маънавият, 10-11 синф, Қӯчқоров В., Маҳмудов О., Замонов З., 2018
Скачать и читать Асосҳои маънавият, 10-11 синф, Қӯчқоров В., Маҳмудов О., Замонов З., 2018
 

География, 10 синф, Шарипов Ш.М., 2017

География, 10 синф, Шарипов Ш.М., 2017.

Учебник по географии для 10 класса на таджикском языке.

   Маълум аст, ки география яке аз фанҳои кадима буда, доираи ҳодисаҳои омӯзондашавандааш васеъ мебошад. Сараввал, шумоён дар синфи 5 бо таърифи дар бораи география додашуда «фанне, ки табиати рӯйи замин, аҳолӣ ва фаъолияти хочагии инсонро меомӯзад» шинос шудед. Баъдтар объекти омӯзиши фанни география будани қабати (қишри) географиро хам дониста гирифтед.

География, 10 синф, Шарипов Ш.М., 2017
Скачать и читать География, 10 синф, Шарипов Ш.М., 2017
 

Таърихи динҳои дунё, 10 синф, Исломов З., Раҳимҷонов Д., Наҷмиддинов Ҷ., 2017

Таърихи динҳои дунё, 10 синф, Исломов З., Раҳимҷонов Д., Наҷмиддинов Ҷ., 2017.

Учебник по истории для 10 класса на таджикском языке.

   Дин аз азал инсонҳоро ба некӣ, корҳои хайр даъват кардааст. Дини ислом, ки халқҳои Осиёи Марказӣ, ки ба он эътиқод карда меоянд, низ ба ташаккули фазилатҳоли олии инсонӣ хизмат кардааст. Дин бо олами рўҳонии инсоният узван вобаста аст, дар ҳаёти иҷтимоӣ ҳамеша бо вай будааст. Омўхтани дин маънои омўхтани олами маънавии инсонро дорад. Сарчашмаҳои динӣ воқеаҳои ибратноки таърихи башариятро дар худ инъикос намудаанд ва онҳо дар тарбияи ахлоқии инсонҳо нақши муҳим доранд. Айнан ҳамин омил барои он ки инсонҳо дар чорраҳаи ҳаёт раҳгум нашаванд, некиву бадӣ, сафеду сиёҳро фарқ кунанд, зиндагии худро оқилона ташкил кунанд, воситаи асосӣ шуда хизмат мекунад. Дар натиҷаи он тарзи зиндагии инсон боло рафта, ҷамъият тараққӣ меёбад.

Таърихи динҳои дунё, 10 синф, Исломов З., Раҳимҷонов Д., Наҷмиддинов Ҷ., 2017
Скачать и читать Таърихи динҳои дунё, 10 синф, Исломов З., Раҳимҷонов Д., Наҷмиддинов Ҷ., 2017
 

Адабиёт, 10 синф, Саъдиев С., Хамидов X., 2017

Адабиёт, 10 синф, Саъдиев С., Хамидов X., 2017.

Учебник по литературе для 10 класса на таджикском языке.

   Адабиёт неруи созандае мебошад, ки барои пешрафти ҳаёти маънавии ҷомеа, дарки худшиносии одамон, такомули донишу биниши онҳо имконият фароҳам меорад. Инсонро ба зиндаги дилгарм намуда, барояш роҳи дурусти ҳаётро нишон додан, ба саволҳои дили ӯ ҷавоб гуфтан, изтиробу ташвишро аз андешаи одамон дур кардан муҳимтарин вазифаи адабиёт ба шумор меояд. Бар ин бино адабиёти бадей дар зиндагии рӯзмарраи мо чун обу ҳаво зарур аст. Азбаски ҳаёти муқаррари дар асари бадей ба воситаи образҳо тасвир гардида, ба як санъати зебоиву нафосат табдил ёфта, боиси таваҷҷӯҳи дигарон мешавад, адабиётро ба сифати оинаи рӯзгори мардум истифода бурдан мумкин аст. Дар он ҳама бурду бохти ҷомеа бо хурдтарин ҷузъиёташ мавриди тасвиру таҳлил қарор мегирад. Яъне, паҳлуҳои мусбиву манфии зиндаги дар он инъикос меёбад ва сабабгори пайрави ба ҷиҳатҳои матлуб ва худдори аз паҳлуҳои манфи мегардад.

Адабиёт, 10 синф, Саъдиев С., Хамидов X., 2017
Скачать и читать Адабиёт, 10 синф, Саъдиев С., Хамидов X., 2017
 
Показана страница 20 из 26