Учебник по истории для 11 класса на таджикском языке.
Фанни “Таърихи динҳои дунё”-ро омўхта, сарфи назар аз эътиқодатон дигар динҳоро паст назада, ба қоидаҳои ҳурмат намудани ҳиссиёти динии дигарон бояд риоя кунед.
Мавзўъҳои китоби дарсӣ ба фаслҳо тақсим шудаанд. Дар ҳар як фасл мафҳумҳои асосии дар дарс омўхтаатон, маълумоти иловагӣ оид ба мавзўъ, фикрҳои ибратомези алломаҳо ва арбобони бузурги давлатӣ, факту далелҳои аҷиб, фаъолияти эҷодӣ ва барои мустаҳкам кардани донишатон саволҳо ҷой гирифтаанд. Шарҳи баъзе истилоҳҳоро, ки дар матн вомехўранд, аз луғати дар охири китоб ҷойгирифта ёфтан мумкин.
