Учебник по этикету для 4 класса на таджикском языке.
Донишомӯзи азиз! Ин китоб дониши Шуморо, ки аз фанни «Одобнома» дар синфҳои 1-2-3 гирифтаед, бой мегардонад. Агар бо ин китоб дӯстӣ кунед, на фақат қоидаҳои одобу ахлоқ, балки бисёр чизҳои бароятон дар ҳаёт лозимиро дониста мегиред.
Шумо оҳиста-оҳиста ба ҳаёти калон қадам гузошта истодаед. Вақти шинос шудан бо ҳамин ҳаёт, аз худ намудани тартибу қоидаҳои он, китоби дарсии «Одобнома» кӯмак мерасонад.
