Учебник по астрономии для 11 класса на таджикском языке.
Китоби дарсии мазкур бино ба дархосту ниёзҳои таълимй барои синфҳои 11-уми таълими ҳамагонй ва ҳамчунин барои мактабҳои тахассусии астрономй, ки дар назди ФУ Ҷумҳурии Ӯзбекистон кушода шудаанд, пешбинй шудааст ва аз ду кием иборат мебошад.
Дар ин китоб мавзӯъҳо бо таваҷҷӯҳ ба дараҷаи мураккабй бо як ситорача (*) ё ду ситорача (**) нишон дода мешаванд. Ҳарчанд маводи дарсии як ситорачадор (*) барои мактабҳои маъмулй ва тахассусй пешбинй шудаанд, ҳангоми тадриси донишомӯзон дар мактабҳои маъмулй, бо додани маълумоти умумй кифоят мекунанд. Бо ин ҳол, тақозо мешавад, ки дар мактабҳои тахассусй мазмуну муҳтавои онҳо ба воситаи аб-зори математики ба таври васеъ омӯзонида шавад. Мавзӯъҳое, ки дар китоб бо ду ситорача (**) ишора шудаанд, марбут ба мактабҳои тахассусй буда, дар онҳо ба хотири расидан ба ҳадафи ниҳой матолиби астрономй ба таври дақиқ ва амиқ тавзеҳ дода мешавад. Илова ба ин, «Элементҳои кайҳоннавардй»-и дар китоби дарей зикршуда низ махсус ба мактабҳои тахассусй мебошанд ва мақсади омӯзиши онҳо аз шиносондани донишомӯзон бо мафҳумҳои элементарии соҳаи аэронавтика иборат аст.
