Учебник по технологии для 7 класса на таджикском языке.
Китоби дарсии “Технология”-и синфи 7 барои амалӣ шудани орзуҳои Шумо ҳамчун пойдевор хизмат мекунад. Донише, ки Шумо дар асоси китоби дарсӣ мегиред, барои тайёрӣ дидан ба кори амалие, ки дар ҳаёти ояндаи шумо мавқеи муҳимро ишғол мекунад ва барои дуруст интихоб кардани касбу ҳунари дӯстдоштаатон, аҳамияти калон дорад.
Мо боварӣ дорем, ки ин китоби дарсии авлоди нав дар роҳи ғанисозии дониши минбаъдаи шумо ҳамсафари наздиктарин хоҳад буд.
Шумо ботарбия, соҳибақл, бомаърифат, меҳнатдӯст ҳастед, албатта, ҳамеша ба сӯй мақсадҳое, ки дар назди худ гузоштаед, мешитобед. Шумо хушбахттарин донишомӯзед! Дар корҳоятон барору комёбиҳо таманно дорем ва бо Шумо ифтихор дорем.








