Обучалка в Телеграм

таджикский язык

Саводомўзии забони модарӣ ва хониш, 2 синф, Қисми 2, Чориев Т., Эшонқулов Ҷ., 2021

Саводомўзии забони модарӣ ва хониш, 2 синф, Қисми 2, Чориев Т., Эшонқулов Ҷ., 2021.

Учебник по таджикскому языку для 2 класса на таджикском языке.

Фрагмент из книги:
Вақт интизом аст. Вақт лаҳзаҳои муайяни шабу рӯз мебошад. Вақт давру замон аст. Асбоби вақтши-носӣ соат аст. Калимаи “вақт” илова бар тобишҳои маъноӣ, боз маъноҳои ҳиссае аз замон, фурсат ва муддати одатан муқарраршудаи коре, фасл, мавсим, карат, навбат, гоҳ, ҳангом, аҳд, давр ва замонро ифода менамояд.

Саводомўзии забони модарӣ ва хониш, 2 синф, Қисми 2, Чориев Т., Эшонқулов Ҷ., 2022
Скачать и читать Саводомўзии забони модарӣ ва хониш, 2 синф, Қисми 2, Чориев Т., Эшонқулов Ҷ., 2021
 

Забони тоҷикӣ, 7 синф, Чориев Т., Адашуллоева Г., 2022

Забони тоҷикӣ, 7 синф, Чориев Т., Адашуллоева Г., 2022.

Учебник по таджикскому языку для 7 класса на таджикском языке.

   Забони тоҷикӣ имрӯз вазифаи таърихии худро беш аз пеш беҳтар ба иҷро расонида истодааст. Он барои насли наврас воситаи бебадали инкишофи шуур ва тафаккур, барои ҳамагон воситаи мубодилаи афкор ва муомилоти моддию маишӣ, барои миллат воситаи вусъати маънавиёт ва илму фарҳанг мебошад.
Бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки ҳама гуна фаъолияти инсон ва ҷомеа тавассути забон сурат мегирад. Ба ибораи дигар, забон воситаи муҳимтарин таҳаввулоти ҷомеа мебошад.

Забони тоҷикӣ, 7 синф, Чориев Т., Адашуллоева Г., 2022
Скачать и читать Забони тоҷикӣ, 7 синф, Чориев Т., Адашуллоева Г., 2022
 

Забони тоҷикӣ, 6 синф, Чориев Т.Р., Раҳимқулов Ғ.Н., 2022

Забони тоҷикӣ, 6 синф, Чориев Т.Р., Раҳимқулов Ғ.Н., 2022.

Учебник по таджикскому языку для 6 класса на таджикском языке.

Фрагмент из книги:
Забон ҳадяи бебаҳоест, ки барои одамизод ато шудааст. Он имконият медиҳад, ки инсон қонунҳои табиат ва рушди ҷомеаро дарк намояд, соҳаҳои гуногуни илму техника ва санъатро пеш бубарад, ба фарҳангҳои халқҳои дигар ҳамгиро гашта, панду андарз ва ҳикматҳои миллим дар худ фарогирифтаро ба намояндагони миллатҳои дигар интиқол диҳад.
Забон ҷони миллат аст ва бе забон миллат арзи вуҷуд карда наметавонад ва худи башарият низ бидуни забон вуҷуд надорад.

Забони тоҷикӣ, 6 синф, Чориев Т.Р., Раҳимқулов Ғ.Н., 2022
Скачать и читать Забони тоҷикӣ, 6 синф, Чориев Т.Р., Раҳимқулов Ғ.Н., 2022
 

Саводомўзии забони модарӣ ва хониш, 3 синф, Қисми 1, Чориев Т., 2022

Саводомўзии забони модарӣ ва хониш, 3 синф, Қисми 1, Чориев Т., 2022.

Учебник по таджикскому языку для 3 класса на таджикском языке.

Фрагмент из книги:
Рӯзи Истиқлоли Ватанамон - Ӯзбекистонро халқҳои гуногунмиллати ин сарзамин бо шодию фараҳ ҷашн мегиранд. Мо аз он меболему мефахрем, ки ҷашни Истиқлоли кишварамон дар арафаи соли нави таҳсил баргузор мегардад. Шодиву хушҳолии мо аз ин беш-тар меафзояд, зеро дар ин рӯзҳо ид болои ид аст. Ҳам ҷашни Истиқлол ва ҳам оғози соли нави таҳсил.

Саводомўзии забони модарї ва хониш, 3 синф, Ќисми 1, Чориев Т., 2022
Скачать и читать Саводомўзии забони модарӣ ва хониш, 3 синф, Қисми 1, Чориев Т., 2022
 

Методикаи таълими забони тоҷикӣ, 10 синф, Чориев Т.Р., 2022

Методикаи таълими забони тоҷикӣ, 10 синф, Чориев Т.Р., 2022.

Учебник по таджикскому языку для 10 класса на таджикском языке.
 
   Дар китоби «Методикам таълими забони тоҷикӣ» доир ба фаъолияти босалоҳиятӣ, сохту таркиб ва мундариҷаи китоби дарсй, матн ва тахдили он аз диди услубшиносй, маводҳои таълимй ва ҷавоби тестҳои китоби дарсй, навиштаҷоти дарсҳои яксоата (ҳамагӣ 68-то), барномаи таълимй, нақшаи тақвимӣ-мавзӯӣ, саҳибсалоҳиятии донишомӯзон аз фанни забони тоҷикӣ, маълумотҳои иловагии лингвистӣ барои донишомӯзони синфҳои тахассусӣ, матнҳо бо супоришҳои лингвистӣ, зарбулмасалу мақолҳо барои ангезиши зеҳн ва чархи ақл, матни корҳои хаттӣ (диктант, нақли хаттӣ) ва глоссарӣ пешниҳод гардид.

Методикаи таълими забони тоҷикӣ, 10 синф, Чориев Т.Р., 2022
Скачать и читать Методикаи таълими забони тоҷикӣ, 10 синф, Чориев Т.Р., 2022
 

Методикаи таълими забони тоҷикӣ, 7 синф, Чориев Т.Р., 2022

Методикаи таълими забони тоҷикӣ, 7 синф, Чориев Т.Р., 2022.

Учебник по таджикскому языку для 7 класса на таджикском языке.
 
   Низоми таълими салоҳиятнокӣ ба саволҳои «Донишомӯз чӣ кор карда метавонад?», «Донишомӯз кадом амалҳоро иҷро карда метавонад?» ҷавоб мегӯяд.
Донистан, дониш дар низоми таълими салоҳиятнокӣ ҷузъи таркибии малака ҳисоб шуда, барои санҷидан, муқоиса кардан ба намуна, ислоҳи ғалатҳо истифода бурда мешавад. Бояд қайд кард, ки «салоҳият»-ро таълим намедиҳанд, валекин он дар натиҷаи азхуд кардани дониш, малака ва маҳорат ташаккул меёбад. «Салоҳият» натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорат аст. Бо таъбири дигар бигӯем «салоҳият — маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайванде, ки ба ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ) ва маърифатӣ равона карда мешаванд». «Стратегия — роҳу усули ноил гарди-дан ба мақсад» мебошад.

Методикаи таълими забони тоҷикӣ, 7 синф, Чориев Т.Р., 2022
Скачать и читать Методикаи таълими забони тоҷикӣ, 7 синф, Чориев Т.Р., 2022
 

Методикаи таълими забони тоҷикӣ, 6 синф, Чориев Т.Р., 2022

Методикаи таълими забони тоҷикӣ, 6 синф, Чориев Т.Р., 2022.

Учебник по таджикскому языку для 6 класса на таджикском языке.
 
   Босалоҳиятии омӯзгор шиносоӣ бо «Дастури миллим таълимӣ», консепсияи рушди таълим дар солҳои 2022-2030, фармон ва қарорҳои эълонгардида, нақшаи таълимӣ барои соли хониш пешниҳодшуда, барномаҳои таълимии навтанзим, китобҳои дарсӣ, сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ ба амал меояд. Омӯзгор то оғозёбии соли хониш бо санад ва ҳуҷҷатҳои меъёрии таълимӣ бояд шинос шавад. Шиносоӣ бо санад ва ҳуҷҷатҳо ба омӯзгор имкон медиҳад, ки нақшаи тақвимӣ-мавзӯиро бо мутаносибии бобу фаслҳои барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсии чопшуда тартиб диҳад. Бобу фаслҳо ва мавзӯъҳои китоби дарсӣ бо бобу фаслҳо ва мавзӯъҳои барномаи таълимӣ муқоиса карда мешавад. Ҳангоми муқоиса мутаносбӣ ва ё ин ки номутаносибӣ, мукаммалӣ ва ё ин ки номукаммалии бобу фаслу мавзӯъҳо, инчунин маводҳои таълимӣ, таърифҳои лингвистӣ, қоидаҳои имлоӣ муайян карда мешавад. Агар лозим бошад, омӯзгор такя ба донишу маҳорати тахассусӣ маводҳои иловагӣ, яъне таърифҳои лингвистик» қоидаҳои имлоиро аз дигар китобҳои забои вобаста ба синну соли донишомӯзон интихоб менамояд ва бо ин амали шоиста камбудиҳоро пешгирӣ менамояд.

Методикаи таълими забони тоҷикӣ, 6 синф, Чориев Т.Р., 2022
Скачать и читать Методикаи таълими забони тоҷикӣ, 6 синф, Чориев Т.Р., 2022
 

Забони тоҷикӣ, 10 синф, Чориев Т.Р., Кабиров М., Мажитова С.Ж., 2022

Забони тоҷикӣ, 10 синф, Чориев Т.Р., Кабиров М., Мажитова С.Ж., 2022.

Учебник по таджикскому языку для 10 класса на таджикском языке.

Фрагмент из книги:
Забон неъмати бебањои зиндагии ањли башар мебошад. Инсон фаќат тавассути забон метавонад эњсос ва фикру андешањои худро иброз намояд.
Забони миллї ойинаи пурљилои таърих, љањони маънавї ва хираду маърифати њар як халќу миллат ба шумор меравад.

Забони тоҷикӣ, 10 синф, Чориев Т.Р., Кабиров М., Мажитова С.Ж., 2022
Скачать и читать Забони тоҷикӣ, 10 синф, Чориев Т.Р., Кабиров М., Мажитова С.Ж., 2022
 
Показана страница 1 из 5