Учебник по информатике для 6 класса на таджикском языке.
Донишомӯзони азиз! Шумоён дар синфи панҷум аз фанни “Информатика ва технологияи ахборот” доир ба кор бо спрайтҳо, сохтани дастури аниматсияи содда, иваз кардани либосҳои спрайтҳо, кор бо матн ва овоз, офаридани шакл ва мултфилмҳои содда ба боварӣ ва малакаҳои ибтидоӣ соҳиб шуда будед. Акнун бошад сохтани дастурҳо доир ба алгоритмҳои хаттӣ, шабакавӣ ва такрорёбанда, бо ёрии муҳаррири графикӣ ҳосил кардани спрайтҳои нав, аниматсияҳои мураккаб, мултфилмҳои бисёрсаҳнавӣ ва офаридани бозиҳои компютериро меомӯзед.
