Учебник по ботанике для 6 класса на таджикском языке.
Донишомӯзони азиз! Шумо аз ин китоби дарсӣ бо олами растаниҳо, ки дар табиат мақоми беқиёс доранд, шинос мешавед. Шумо донишҳои ибтидоиро аз китобҳои дарсии «Шиносоӣ бо муҳити зист», «Табиатшиносӣ», ки дар синфҳои ибтидоӣ омӯхтаед, дониста мегиред. Донишҳои аз ин дарсҳо гирифтаатон барои минбаъд мукаммалтар омӯхтани ботаника, ки як бахши фанни нав - биология мебошад, ёрдам медиҳад.
