Учебник по родному языку для 3 класса на таджикском языке.
Фрагмент из книги:
Мактаби мо дар бинои калони сафед ҷой гирифта, синфҳо равшан ва озода, фаршҳо ҳама тахтагин, дар ҳар синф ду қатор партаҳои сиёҳ гузошта шуда буд. Мактаби деҳагии мо, ки дар анбори як дараҷа таъмиршуда ҷой гирифта буд, бо мактаби намунаи Тус асло баробар шуда наметавонист. Рӯйи ҳавлии калони мактаб ҳамеша об зада рӯфтаги, аз байнаш ҷӯйи об равон, он тарафи ҷӯй боғ буд. Дар саҳни мактаб мо дарси гимнастика мекардем. Дар боғ бошад, дар вақти танаффус бозй мекардем.




