Учебник по изобразительному искусству для 7 класса на таджикском языке.
Шумоён аз асосҳои санъати тасвирй сабақ бардошта, оид ба намуду жанрҳои он, мусаввирони номдор ва устодони санъати амалй, пайкарасозон, ҳамчунин асарҳои онҳо соҳиби дониш гардидед, ягон намуди санъати тасвирй ё ки жанри он ба иҷро расондани кори эҷодии мустақилона намоён кардани иқтидори худро омӯхтед. Дар ин соли таҳсил дарсҳои санъати тасвирй ба анҷом мерасанд. Аз ҳамин сабаб оид ба фанни таълимии «Санъати тасвирй» аз устодатон бештар омӯзед. Апалхусус, омӯхтани мавзӯъҳои мураккаби санъати тасвирй - маҷро ва самтҳои санъат, қонуниятҳои рамзнок, санъати қадимаи китобат бо зиракй омӯхтани донишҳоро талаб менамояд.
Дар асл сабақҳои санъати тасвирй шуморо танҳо ба расмкашй ёд намедиҳад, балки ба воситаи санъати тасвирй шумоён бо таърихи маданияти миллӣ, образҳои симоёни бузург, эҷодкорони он, санъати тасвирй, тартиби офаридани композитсияҳои наққошӣ ва пайкаратарошй, оид ба мутаносибии ранг ва шакл соҳиби дониш ва малака гардидед. Ин донишатон дар ҳаёти ояндаатон, бешак, ба шумо кӯмак мерасонад.








